Рамазон Раҳимзода: «Ҳар қадар ҷавонони кишвар муттаҳид бошанд, ҳамон қадар ҷомеа пеш меравад»
ДУШАНБЕ, 23.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Соли ҷавонон дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, курсантони Академияи ВКД, ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард», донишҷӯён ва як зумра ҷавононе, ки дар Федератсияи Россия ба кору таҳсил машғуланд, ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вазири корҳои дохилӣ тамоми ҷавонони Тоҷикистонро бо Рӯзи ҷавонон ва Соли ҷавонон табрик намуда, ба онҳо саодату сарбаландӣ, осоиши рӯзгор ва комёбиҳо таманно намуд. Вазир гуфт: «Ҳамасола 23 май дар тамоми ҷумҳурӣ чун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ботантана таҷлил карда мешавад. Ҳар қадар, ки ҷавонони кишвар муттаҳид шаванд, ҳамон қадар ҷомеа пеш рафта, муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию маданӣ рушд меёбанд».
Зикр гардид, ки мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша ба неруи тавонои ҷавонон такя намуда, дар доираи Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия ва Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014-2020 бо дружиначиёни ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатии милитсия, гурӯҳи ҷавонони «Авангард» ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон фаъолона ҳамкорӣ менамояд.
Бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории мутақобилан судманд, ташкили кори самаранок ҷиҳати иштироки дастаҷамъонаи ҷавонону донишҷӯён дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии кишвар, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳамзамон ширкати фаъолона дар барномаҳои сиёсию фарҳангӣ, гузоштани саҳми арзандаву назаррас дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ як гурӯҳ сарбозони қисмҳои ҳарбии Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, курсантон ва ҷавонони фаъол бо рутбаҳои навбатӣ, «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






