Рамазон Раҳимзода: «Ҳар қадар ҷавонони кишвар муттаҳид бошанд, ҳамон қадар ҷомеа пеш меравад»

Май 23, 2017 09:09

ДУШАНБЕ, 23.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Соли ҷавонон дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, курсантони Академияи ВКД, ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард», донишҷӯён ва як зумра ҷавононе, ки дар Федератсияи Россия ба кору таҳсил машғуланд, ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вазири корҳои дохилӣ тамоми ҷавонони Тоҷикистонро бо Рӯзи ҷавонон ва Соли ҷавонон табрик намуда, ба онҳо саодату сарбаландӣ, осоиши рӯзгор ва комёбиҳо таманно намуд. Вазир гуфт: «Ҳамасола 23 май дар тамоми ҷумҳурӣ чун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ботантана таҷлил карда мешавад. Ҳар қадар, ки ҷавонони кишвар муттаҳид шаванд, ҳамон қадар ҷомеа пеш рафта, муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию маданӣ рушд меёбанд».

Зикр гардид, ки мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша ба неруи  тавонои ҷавонон такя намуда, дар доираи Барномаи ислоҳоти  (рушди) милитсия ва Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014-2020 бо дружиначиёни ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатии милитсия, гурӯҳи ҷавонони «Авангард» ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон фаъолона ҳамкорӣ менамояд.

Бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории мутақобилан судманд, ташкили кори самаранок ҷиҳати иштироки дастаҷамъонаи ҷавонону донишҷӯён дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии кишвар, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳамзамон ширкати фаъолона дар барномаҳои сиёсию фарҳангӣ, гузоштани саҳми арзандаву назаррас дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ як гурӯҳ сарбозони қисмҳои ҳарбии Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, курсантон ва ҷавонони фаъол бо рутбаҳои навбатӣ, «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Май 23, 2017 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд