Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

Май 15, 2017 17:09

ДУШАНБЕ, 15.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 15 майи соли 2017 дар шаҳри Брюссел ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи шашуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ширкат варзид. Ҷониби Иттиҳоди Аврупоро Вазири корҳои хориҷии Малта Георг Велла ҳамчун намояндаи кишвари раисикунандаи Иттиҳоди Аврупо роҳбарӣ кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд.

Рӯзномаи ҷаласа баррасии ҷанбаҳои калидии шарикӣ ва ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ, ҳуқуқи инсон, инчунин мавзӯъҳои байналмилалӣ ва минтақавиро дарбар гирифт.

Зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ ҷонибҳо ҷараёни рушди ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин иқдомҳои оянда оид ба тавсеаи минбаъдаи муносибатҳоро муҳокима намуданд. Самтҳои асосии ҳамкорӣ, ҳолати муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, аз ҷумла татбиқи Стратегияи миллии рушд ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, мавзӯи об ва энергетика, масъалаҳо доир ба амнияти сарҳадӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, инчунин ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва масоили байналмилалӣ матраҳ гардиданд.

Дар фарҷоми ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ нишасти матбуотӣ бо иштироки роҳбарони ҳайатҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо сурат гирифт. Дар нишасти матбуотӣ ҷонибҳо аз натиҷаҳои ҷаласаи барпошуда изҳори қаноатмандӣ намуда, барои идома додани ҳамкории созанда ва мутақобилан судманд ҳавасмандии худро тасдиқ карданд.

IMG_0007

Май 15, 2017 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд