Сироҷидин Аслов ва Шайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳён масоили тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Аморотро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 25.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 май вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳён, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, баргузор гардид. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масоили тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Аморотро дар партави тавофуқоте, ки дар натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Араб моҳи марти соли 2016 ҳосил шуданд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сироҷидин Аслов ва Шайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳён рағбати мутақобилро ҷиҳати идомаи муколамаи боэътимод байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар ва пешбурди ҳамкории судманд дар арсаҳои тиҷорат, иқтисод, робитаҳои фарҳангию башарӣ, маориф, сармоягузориҳо, саёҳат ва муборизаи муштарак бо чолишҳои амнияти минтақавию ҷаҳонӣ таъкид намуданд.
Бо ишора ба рушди бемайлони робитаҳои дуҷониба ва иқтидори фарохи ҳамкорӣ дар арсаҳои мухталиф, тарафҳо баргузории мунтазами машваратҳои байнисоҳавӣ ва байниидоравиро бо мақсади таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳо ва тавсеаи равобити байни доираҳои соҳибкории ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд. Дар ин замина бар аҳамияти ифтитоҳи Сафорати АМА бо қароргоҳ дар Душанбе таъкид гардид.
Ҳамчунин атрофи ҳамкории ду кишвар дар ҳошияи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт.








Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






