Сокинони вилояти Хатлон 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар ноҳияи Ёвон ҷашн мегиранд
ДУШАНБЕ, 16.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони вилояти Хатлон имсол 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар ноҳияи Ёвон ҷашн мегиранд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Тавре ки сардори идораи коммуналӣ, истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон Субҳон Ёров иттилоъ дод, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 20-солагии Ваҳдати миллӣ дар маркази ноҳияи Ёвон 200 бех ниҳоли ороишӣ, дар гулгаштҳо 11 ҳазор бех гули садбаргу лола ва 25 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ шинондаанд.
Инчунин зикр намуд, ки масъулини ноҳия баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободонию сабзазоркуниро вусъат бахшида истодаанд.
Дар асоси нақшаи корӣ, ба муносибати 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷҳо, литсейҳои касбии техникӣ, марказҳои фарҳангии ҷавонон ва чойхонаҳои ҷамъиятии ноҳияи Ёвон барномаҳои гуногуни оммавӣ, конфронсу суҳбатҳо, озмуну маҳфилҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






