Созишномаи қарзӣ баҳри татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои миёна, марҳалаи 4» миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Сандуқи Рушди Саудӣ

Май 17, 2017 17:11

ДУШАНБЕ, 17.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ маросими баимзорасии созишномаи қарзӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сандуқи Рушди Саудӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои миёна, марҳалаи 4» баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, созишномаро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молияи мамлакат Абдусалом Қурбониён ва аз тарафи Сандуқи Рушди Саудӣ директори иҷроияи он Юсуф Иброҳим Ал-Бассом ба имзо расониданд.

Лоиҳаи мазкур ба беҳтар намудани сатҳи маълумоти умумӣ тавассути сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани як қатор мактабҳои миёна дар ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Данғара, Шамсиддини Шоҳин, Кӯлоб, Восеъ, Фархор, Темурмалик, Ҳамадонӣ, Бохтар, Норак, Хуросон, Ҷайҳун, Вахш, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Дӯстӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Деваштич, Истаравшан, Панҷакент, Ашт, Конибодом, Мастчоҳ, Варзоб, Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Нуробод ҳадафманд гардонида шудааст.

Татбиқи лоиҳаи мазкур баҳри қонеъ гардондани талаботи сохтори маорифи мамлакат ва зиёд намудани шумораи донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон аҳамият  дорад.

Сандуқи Рушди Саудӣ баҳри иҷрои лоиҳа дар ҳаҷми 131 250 000 риёл — баробар ба 35 миллион доллари ИМА маблағи пулӣ ҷудо кард.

Дар назар дошта шудааст, ки татбиқи лоиҳа соли 2023 ба анҷом расад.

 

 

 

Май 17, 2017 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид