Тавсияҳои табиби оилавӣ ба шахсоне, ки рӯза мегиранд
ДУШАНБЕ, 26.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имсол моҳи шарифи Рамазон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 май оғоз мегардад.
Вобаста ба рӯзагирӣ дар фасли гармо, дар кадом ҳолат раво набудани рӯзагирӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба саломатии инсон мухбири АМИТ «Ховар» бо табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрӣ Шоимгул Сабурова ҳамсуҳбат гардид.
Тавре ки Ш.Сабурова зикр намуд, нафароне, ки аз бемориҳои фишорбаландӣ, бемории меъда, қанд ва дигар бемориҳое, ки истеъмоли саривақтии хӯрок ва обро талаб мекунад, азият мекашанд, набояд рӯза гиранд.
Нафароне, ки бемории фарбеҳӣ ё дарди гурда доранд, гоҳо ба вазъи саломатиашон нигоҳ накарда, рӯза мегиранд. Чунин нафарон ҳангоми гирифтани рӯза бояд аз тавсияи духтурон истифода намуда, тибқи он рафтор кунанд.
«Шахсони рӯзадор бояд бештар дар ҷойҳои салқин кор кунанд. Ҳангоми дар корхона будан бояд онро салқин нигоҳ дошт. Бояд саҳаргоҳон то тулӯи офтоб ва бегоҳ ҳангоми ғуруби офтоб дар кӯча гарданд. Вале ҳастанд нафароне, ки ҳарчанд танашон сиҳат бошад ҳам, муддати зиёд ташна гашта наметавонанд, аз ҳамин сабаб чунин нафарон набояд рӯза гиранд»,- тавсия дод табиб.
Ба таъкиди табиб, шахсоне, ки рӯза мегиранд, бояд ҳангоми саҳархӯрӣ ва вақти ифтор хӯрокро бо меъёр истеъмол кунанд, зеро якбора хӯрдани якчанд намуд хӯрок ба саломатии инсон хавфи зиёд дорад.
Ҳамчунин Шоимгул Сабурова илова намуд, ки «бегоҳ ҳангоми ифтор шахси рӯзадор бояд ҳатман аз меваҳои тоза истеъмол намояд. Инчунин барои бо об таъмин намудани бадан ҳатман аз шарбати меваҳо истифода бояд бурд. Вале ҳангоми нӯшидани об ва шарбати мева бояд ба дараҷаи хунукии он низ аҳамият дод. Он набояд хеле хунук бошад, зеро метавонад ба меъдаи шахси рӯзадор таъсири бад расонад. Ва ҳатман шахс зимни рӯзакушоӣ бояд аввал хӯрокҳои якум истеъмол кунад».
Бино ба тавсияи табиб, шахс дар вақти рӯзагирӣ набояд пурхӯрӣ кунад ва хӯрокҳои равғанӣ ва сахтро шаб истеъмол намояд, зеро он ба кори меъда душворӣ оварда, шахсро нороҳат месозад.
«Хангоми бад шудани ҳолати шахси рӯзадор вай бояд ҳатман об ва хӯрок истеъмол карда, зуд ба духтури оилавӣ муроҷиат намояд. Зеро дар фасли гармо ҳамаи бемориҳо метавонанд хуруҷ карда, вазъи саломатии шахсро бадтар созанд. Шахсе ки ба саломатии худ боварии комил надорад, набояд таваккалӣ рӯза гирифта, саломатии худро зери хатар гузорад»,- гуфт Шоимгул Сабурова.








ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид
Китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» рӯнамоӣ гардид
Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон Даҳаи дастгирии шири модар оғоз гардидааст
«ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ». Таҳти чунин унвон озмуни байналмилалӣ доир мегардад






