Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 4 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 23.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони кишвар дар Бозиҳои 4-уми ҳамбастагии исломӣ дар намуди варзишҳои зӯрхонаӣ соҳиби 4 медали биринҷӣ шуданд. Наврӯз Арабов дар намудҳои санг ва мили сангин ду медал, Назаралӣ Абдуалӣ дар намуди чархи чаманӣ ва Исмоил Сангов дар намуди каббода якмедалӣ ба даст оварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Бозиҳои 4-уми ҳамбастагии исломӣ 12 май шурӯъ гардида буданд. Дар он Озарбойҷон – мизбони бозиҳо то 21 май 154 медал (75 тилло, 46 нуқра, 33 биринҷӣ) ба даст оварда, дар ҷадвали ҳисоби медалҳо дар ҷои аввал аст. Мақоми дуюмро дастаи мунтахаби Туркия бо ба даст овардани 185 медал (68 тилло, 63 нуқра, 54 биринҷӣ) ва ҷои сеюмро дастаи мунтахаби Эрон бо 90 медал (31 тилло, 26 нуқра, 33 биринҷӣ) ишғол кардаанд. Ӯзбекистон (15, 17, 30) дар мақоми чорум, Баҳрайн (12, 5, 4) дар мақоми панҷум ҷой гирифтаанд.
Дар маҷмӯъ, варзишгарони 26 давлат ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, 39 давлат соҳиби медал шудаанд.
Тавре иттилоъ stop-any-disease.com, дар Бозиҳои 4-уми ҳамбастагии исломӣ қариб 3000 варзишгар аз 54 давлат дар 21 намуди варзиш барои 269 маҷмӯи медалҳо рақобат карданд.
Аз кишвари мо дар ин бозиҳо 29 варзишгар аз рӯи 7 намуди варзиш ширкат намуданд.








Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид






