ҚАТРАҲОИ НОАЁН, ВАҲДАТ ВА ДАРЁИ ПУРТУҒЁН. Таассурот аз сафари ноҳияи Нуробод

Июнь 21, 2017 17:20

ДУШАНБЕ, 21.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Гуруҳҳои таблиғотӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи моҳият ва арзишҳои Рӯзи ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон аз сафари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргаштанд. Аз 12 то 17 июни соли равон ин гуруҳҳо, ки ба ҳайаташон кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, адибон ва донишмандони маъруф шомил буданд, дар 68 шаҳру навоҳии мамлакат меҳмон шуда, бо маҳалҳо аз надик ошно гардиданд ва  бо  мардум мулоқотҳои самимӣ барпо намуданд.

Таассуроти узви яке аз ин гурӯҳҳоро пешкаши хонандагон мегардонем.

Дар саргаҳи нур

…Мошини мо шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ваҳдат  ва Файзободро паси сар карда, ба шаҳраки Оби гарм ворид шуд. Дар як тангно роҳ ба ду шоха ҷудо мешуд: тарафи дасти  рост — ба самти Роғун ва самти мустақим —  ба тарафи Нуробод. Мо ба тарафи Нуробод сафарамонро идома додем. Зимни ҳаракат дар тарафи рост, дар соҳили дарёи Вахш майдони сохтмоние ба назар расид, ки дар он садҳо мошинҳои боркаш, экскаваторҳо, булдозерҳо ва дигар техникаи замонавӣ дар харакат буданд. Сохтмончиён сангҳои калонро дар ҳар қисмат тал карда, регмайдаҳоро  дар қисмати болои сарбанд ҷамъ менамуданд. Аз регзорҳои кашондашуда  теппаҳои сунъие ба вуҷуд омада буданд, ки дар қатори теппаҳои табиии ҳамшафаташон  назаррабоӣ мекарданд.

Як моҳ пештар мо ба Роғун сафари хизматӣ доштем. Он вакт сарвари сохтмони неругоҳ Хайрулло Сафаров нақл карда буд, ки дар ин иншооти бузург 13 ҳазор нафар  бинокорон кор мекунанд, ки  аксарашон ҷавононанд. Кору пайкори имрўза низ нишон дод, ки бунёди кохи нур бо суръат  идома дорад.

Мо ин дафъа ба ноҳияи Нуробод, ба саргаҳи ин неругоҳи бунёдшаванда  барои иштирок дар чорабиниҳои гурўҳи корӣ оид ба Соли ҷавонон ва ҷашни Ваҳдати миллӣ  равонаем.

Ронанда пас аз  чанд муддати ҳаракат ду дарёро нишон дод:

— Инаш дарёи Сурхоб, дигараш дарёи Хингов, — ҳардуяшон якҷоя шуда, дарёи Вахшро ташкил медиҳанд.

Ба поёни дара нигариста, махали пайвастшавии дарёҳоро аз назар гузаронидам. Шохобҳо дарёи бузургеро ба вуҷуд овардаанд, ки он дар байни мардум бо номҳои  «Вахши пуртуғён» ва «Вахши ноором» шуҳрат пайдо кардааст.

Ҳамон лаҳза ба хотирам порчае аз шеъри шоири машҳури Покистон Муҳаммад Иқбол расид:

Қатра дарёст, агар бо дарёст,

Варна он қатраву дарё дарёст.

Яъне ҳамин дарёи бузург, ки босуръат ҷорист, аз қатраҳо,  чашмаҳо, ҷўйборҳо  ибтидо гирифтааст ва онҳо аз назарҳо пинҳонанд, вале ин дарё бо ҳама амвоҷи пуртуғёнаш ба сахраҳои азим бархўрда, дар водии ороми миёни кўхпораҳо шӯру валвала бармеангезад.

Дар дарёи Вахш силсилаи неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Бойғозӣ», «Шаршара», «Сангтўда-1», «Сангтўда – 2»  бунёд гаштаанд, ду НБО-и охир дар замони истиқлолият ба баҳрабардорӣ супурда шудаанд. Неругоҳҳои зикршуда қариб тамоми кишварро бо барқ таъмин мекунанд, ҳатто як қисми барқи онҳо ба кишварҳои хориҷӣ содир мегардад.

Неругоҳи  сохташавандаи «Роғун» бошад, бузургтарин иншооти Осиёи Марказист ва иқтидори нақшавии он  17 млрд. кВт-соатро ташкил медиҳад, ин ба тавлидоти яксолаи барқ дар Тоҷикистон баробар аст. Мутаносибан сарбанди ин иншоот низ  хеле  бузургу доманфарох аст. Як кисми деҳоти Нуробод дар зери об мемонад. Аҳолии ин деҳот ба минтакаҳои мухталифи мамлакат муҳоҷират карданд.

Маркази ноҳия аз шаҳраки Комсомолобод ба шаҳраки Дарбанд кўчонида шудааст. Дар ноҳия бунёди иншоотҳои мухталиф давом дорад.

Дарёи Вахшро ба хотир оварда, фикр мекардам, ки халқ ҳам ба мисли дарёҳост, он аз ҷузъҳои хурд: аз одамони алоҳида, аз оилаҳо ташаккул ёфта, онҳоро муттаҳид сохта, қудрату тавоноӣ пайдо мекунад. Ваҳдат – ин якдилӣ, якмаромӣ ва иттиҳоди шаҳрвандон буда, халқу кишварро  қудрати беамсол мебахшад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон изҳор дошта буданд, ки Созишномаи сулҳи тоҷикон  бо арзиши бузурги худ бо эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Ин суханҳо дорои ҳикмати бузурганд.  Дар ин муҳити пурошўби геополитикии ҷаҳони имрӯза, ки  тақвияти ваҳдати миллӣ ба масъалаи сарнавиштсоз табдил ёфтааст, ваҳдатро чун гавҳараки чашм бояд эҳтиёт намуд, то ки истиқлолият пойдор бимонад.

Дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ба ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд, тибқи нақшаҳо чорабиниҳои идона  доир менамоянд. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва маҳалҳои ноҳияи Нуробод вохўриҳо гузарондем, бо мардуми ҷамъомада аз наздик суҳбат кардем.

Ноҳияи Нуробод дар водии хушманзараи Раштонзамин воқеъ гардидааст. Дар ин мавзеи сарсабзу пурфайз ва дилрабо як шаҳрак ва шаш ҷамоати деҳот мавҷуданд, ки дар онҳо 76,5 ҳазор нафар аҳолӣ  умр ба сар мебаранд. Нуробод ноҳияи кишоварзист. Дар маҷмўи маҳсулоти минтақавии он соҳаҳои  кишорварзӣ (54,3%), савдои чаканаю хизматрасониҳо (32,7%) ва сохтмон (12,9%) ҳиссаи бештар доранд.

— Соли гузашта, — ба мо нақл намуд раиси  ҷавони ноҳия Ҳасан Дўстзода, — 23 иншоот ба маблағи 33 млн. сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Имсол низ сохтмон босуръат идома дорад. Дар байни иншоотҳо коргоҳҳо, истиқоматгоҳҳо, мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва комплексҳои варзишӣ  ҳастанд. Соли равон коргоҳхои қолинбофӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои дастии занон,  корхонаҳои коркарди дулона, хуч, себу дигар намуди меваҷот мавриди истифода қарор гирифтанд. Сардхонахо барои нигохдории картошкахо ва сабзавоту меваҷот таъсис меёбанд. Фермаи бурдоқипарварии чорвои зоти голландӣ  ташкил гардид.

Шиносномаи ноҳияи Нурободро варақ зада, чунин маълумотро дастрас намудем: дар соли 2016 аз тариқи «Равзанаи ягона» 788 субъектҳои соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуданд. Соҳибкорон дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмон, савдо, хизматрасонӣ, низоми молия ва дигар сохторхо ширкат менамоянд. Озмунҳои «Боғи беҳтарин», «Ҳунар беҳ аз симу зар», «Ҳавлии беҳтарин» гузаронида шуда, ғолибон хавасманд гардиданд.

Соҳаи маориф низ сол то сол рушд меёбад. Ҳоло 85 мактаб, 1 литсеи тиббӣ ва 1 коллеҷи техникӣ дар хизмати ҷавонон қарор доранд.  Танҳо дар муассисаҳои таълимоти умумӣ 15,4 ҳазор нафар наврасону ҷавонон таҳсил менамоянд.

Табиати зебо, растаниҳои шифобахши ноҳияи Нуробод барои ташкили истироҳатгоҳҳо ва табобатгоҳҳои замонавӣ хеле мувофиқанд,  ки дар ин росто корҳои иқдомотии муайян сурат мегиранд.

Чанде пештар Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба раиси ноҳия занг зада, ҳолати парвариши картошкаро пурсон шуд. Ин бесабаб нест. Дар бозорҳои пойтахт нархи картошка баланд аст. Аз ин лиҳоз, ноҳияхои кўҳистон бояд таъминоти мардумро  беҳтар ба рох монанд. Хасан Дўстзода дар посух изҳор дошт, ки дар панҷ моҳи гузашта нақшаи кишти зироатҳои кишоварзӣ иҷро гардид, ки ин барои ҷамъоварии ҳосили фаровон ва беҳтар шудани пешниҳодот заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Дар ноҳия ҳамкории мақомоти иҷроия бо бахши хусусӣ дар сатҳи баланд ташкил карда шудааст. Бо кумаки соҳибкорон, корхонаҳои истеҳсолӣ, иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла варзишгоҳҳо ба истифода дода шуданд.

— Дар Иҷлосияи 16 Шўрои Олии мамлакат  Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати «Рў ба ҷавонон»-ро ҳамчун яке аз самтҳои асосии давлатии кишвар муайян намуданд – изҳор дошт ҳангоми суҳбат мудири бахши ҷавонони ноҳия Қумиддин Бобизода. – Бинобар ин  Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 нишонаи татбиқи ин сиёсати дурбинона  аст. Имрўзҳо бисту се ҳазор нафар ҷавонони ноҳия дар ҳамаи соҳаҳо фаъолияти хуб нишон медиҳанд. Имсол ҷавонон дар ноҳия боғи сердолу дарахте бунёд намуданд, ки солҳои наздик боровар хоҳад шуд.

Дар давоми бист соли худшиносиву худогоҳӣ, сулҳу субот ва оромӣ  дар дарёҳои мамлакат, ки ҳама аз қатраҳои ноаён ташкил шудаанд, иншоотҳои бузурги энергетикӣ  фаъол гардиданд ва сохтмони неругоҳҳои нав дома доранд. Президенти мамлакат зимни яке аз сафарҳояшон ба ноҳияи Нуробод изҳор доштанд, ки дар ҳудуди ноҳия низ ду неругоҳи барқи обии «Нуробод-1» ва «Нуробод -2»  бунёд хоҳад шуд. Дар ин бора аллакай бо сармоягузорони Ҳиндустон гуфтугузорхои муқаддамотӣ сурат гирифтаанд. Ин неругоҳҳо барои бунёди шаҳри замонавии саноатӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар ноҳия заминаи мустаҳкам  мегузорад. Нуробод дар саргаҳи кохи нур аз нуру неруи неругоҳҳои навбунёдаш боз ҳам ободу зеботар гардида, дар доманаи кўҳҳои сарбаланди сабзапўш, дар канори баҳри маснўӣ атрофу акнофро равшану мунаввар хохад намуд.

Шамъи оянда ва давлати поянда 

Вохўрии навбатии мо дар маркази пештараи Нуробод – деҳаи Комсомолобод баргузор шуд. Дар он ҷо моро ба маҳаллаи Зери чинор бурданд. Ҳамроҳонамон нақл карданд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар ҳамин мавзеъ,  дар зери чинори хазорсола бо сокинони ноҳия   мулоқот оростаанд ва ин ҷо ҳамчун ҷойи муқаддас шуҳрат ёфтааст. Имсол низ иди Вахдат дар ҳамин мавзеи таърихӣ ва зебоманзар таҷлил мегардад.

Раисони ҷамоатҳо, коргарон, зиёиён, фаъолон, намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа, қатъи назар аз эътиқодоти динӣ, мансубияти миллӣ ва ҳизбӣ дар Қасри фарҳанг ҷамъ омада буданд. Раиси ноҳия Ҳасан Дўстзода ҷаласаро оғоз намуд. Роҳбари гурўҳи корӣ ректори Донишкадаи омўзгории Рашт Муродалӣ Муҳаммадизода, муаллифи ин сатрҳо, Шоири халқии Тоҷикистон Ҷумъа Қувват, ноиби ректори Донишкадаи омўзгории Рашт  Маҳмуд Шодиев, имомхатиби ноҳия Низомиддин Абдулҳай, сокинони ноҳия М. Аслонов  ва Н. Шамсиева   дар бораи дастовардҳои идона дар Соли ҷавонон ва афзалиятҳои Ваҳдат сухан ронданд.

Баъд аз итмоми ҷаласа бахшида ба ҷашни Ваҳдат консерти идона баргузор гардид. Дар он санъаткорони шуъбаи фарҳанги ноҳия баромад карданд. Дастаи ҳофизон  сурудеро замзама намуданд, ки нақароташ чунин аст:

Ин Ваҳдати мо чу шамъи оянда бувад,

Ин давлати мо, давлати поянда  бувад.

Ҳозирон аз таъсири суруди мутантан аз ҷой бархоста, гиромидошти  Ваҳдати миллиро пос доштанд, зеро ваҳдату субот роҳи ягона ва шарти ҳатмии рушди устувор ва зиндагии шоиста аст. Ҳифзи Ваҳдат чун падидаи умумимиллии ҳафозати давлат арзёбӣ гардидааст.  Оре, Ваҳдати миллии мо чун шамъи раҳнамои ояндаи давлати пояндаи Тоҷикистон асрҳои аср дар саросари кишвар нурафшонӣ хоҳад намуд.

Июнь 21, 2017 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст