Бахшида ба 20-солагии Ваҳдат ва Соли ҷавонон дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои Ҷоизаи АМИТ «Ховар» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.06.2017./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бинои Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоизаи АМИТ «Ховар» доир гардид. Мусобиқаро бахшида ба 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар ҳамдастӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи шоҳмоти мамлакат доир намуд.
«Бо назардошти он ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсолро Соли ҷавонон эълом доштаанд ва Ҷаноби Олӣ саломатии мардуми Тоҷикистонро боигарии асосии давлат дониста, ба сокинони кишварамон ҳамеша тарзи ҳаёти солимро талқин менамоянд, мо тасмим гирифтем дар ин амали хайр саҳмгузор бошем ва ин тадбирро роҳандозӣ намудем» — гуфт дар расми пӯшидашавии Мусобиқа директори АМИТ «Ховар Саидалӣ Сиддиқ.
Дар мавриди он, ки чаро маҳз шоҳмотро интихоб кардаанд, роҳбари Агентӣ чунин зикр намуд: «Аввал ин ки шоҳмот аз қадимтарин намудҳои варзиш аст ва дар асри 6, яъне 1400 сол пеш пайдо шудааст. Дуввум ин ки шоҳмот бозии миллии халқҳои форсизабон аст, нахустин бор дар сарчашмаҳои таърихии олам бозии шоҳмот дар дастнависи форсии «Карнамук» ном гирифта шудааст. Дар Шоҳнома»-и Абулқоим Фирдавсӣ низ аз ин бозӣ бо номи «шатранҷ» ёд карда шудааст ва калимаи «шоҳмот» сирф тоҷикӣ аст. Ва, ниҳоят, шоҳмот бозии зеҳнӣ аст, фаъолияти Агентӣ низ ба кори зеҳнӣ иртибот дорад».
Мақсад аз доир намудани ин Мусобиқа – тарғиби ин намуди варзиш дар байни ҷавонон арзёбӣ карда шуд, то ки он дар мамлакат беш аз пеш оммавӣ гардад, то ки ҷавронону наврасон бо ин бозии зеҳнӣ машғул шуда, ақлу зеҳни худро варзиш диҳанд.
Дар Мусобиқа 50 нафар шоҳмотбозони синну соли гуногун, аз ҷумла Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Ҷамшед Исоев, Устодони варзиши Иттиҳоди Шуравӣ Рашид Ҳусейнов ва Ҷонибек Сафаров, чемпионҳои Тоҷикистон байни наврасону ҷавонон М. Шарифов, М. Қандаков, С. Абророва, А. Каримов ва дигарон иштирок намуданд.
Баъди чанд даври Мусобиқа ба чемпиони Тоҷикистон байни шоҳмотбозони то сини 20-сола Алишер Каримов муяссар шуд, ки бо касби 7,5 имтиёз соҳиби ҷои аввал Ҷоизаи АМИТ «Ховар» гардад. Ҷои дуюмро Ҷамшед Исоев ва ҷои сеюмро Рашид Ҳусейнов соҳиб шуданд.
Мукофотҳоро ба ғолибон директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ ва сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Бозоров супориданд.














Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад






