Бонки Осиёгии Рушд ба калонтарин шарики рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст

Июнь 19, 2017 18:22

ДУШАНБЕ, 19.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёгии Рушд (БОР) имрӯз дар ҳузури хабарнигорон иброз намуданд, ки  дар мулоқот бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурнамои умедбахши ҳамкорӣ ва имкониятҳои кумаки ояндаи ин бонки бонуфуз ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор додаанд.

Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот он кумакҳоеро, ки аз ҷониби БОР пешниҳод   мешаванд,  дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки ҳамкорӣ бояд густариш ёбанд.

Ба маълумоти ҳайат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дар бораи вазъияти иқтисодӣ, таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар ва мушкилотҳои ҷойдоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот додаанд.

Тибқи иттилои ҳайати Шӯрои директорон, Бонки Осиёгии Рушд имрӯз яке аз шарикони рушди ниҳоят муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, чунки Бонки мазкур дар ин давра ба маблағи 1,5 миллиард доллари америкоӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кумак намудааст.

«БОР дастгирии худро бахусус дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт  бештар карда, барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беҳбудиву некуаҳволии мардуми он тамоми кумакҳои заруриро пешниҳод менамояд», -зикр намуданд ҳайати Шӯро.

Июнь 19, 2017 18:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд