Дастаи «Истиқлол» бо пурқувваттарин дастаҳои минтақаи Уқёнус қувваозмоӣ мекунад

Июнь 7, 2017 09:58

ДУШАНБЕ, 07.06.2017 /АМИТ«Ховар»/. Дирӯз дар пойтахти Малайзия- шаҳри Куала Лумпур маросими қуръакашии мусобиқоти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дар марҳилаи нимфиналии минтақавӣ баргузор шуд. Ҳарифони чемпиони Тоҷикистон- дастаи «Истиқлол»  ғолиби ҷуфти минтақаи Уқёнус- дастаи «Хоум Юнайтед»-и Сингапур ва «Серес»-и Филиппин  хоҳанд буд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол» бозии аввалини даври нимфиналиро дар майдони худ баргузор мекунад. Бозиҳои аввали мусобиқаи мазкур рӯзҳои 22-23-юми август ва бозиҳои ҷавобӣ 12-13-уми сентябри соли равон баргузор мешаванд.

Бояд зикр кард, ки пеш аз оғози қуръакашӣ қаҳрамони Тоҷикистон-дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе барои пирӯзӣ  дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 дар минтақаи марказ бо сертификати махсус қадрдонӣ шуд. Ба ҷуз дастаи «Истиқлол» ҳамчунин ғолибони дигар дар мусобиқаи мазкур ва Лигаи чемпионҳои Осиё Диплом ва Ифтихорномаи котиби генералии КФО Дато Виндзора Ҷонро дарёфт карданд.

Июнь 7, 2017 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод