Фурӯши шир дар ҳудуди пойтахт минбаъд тариқи нақлиёт ба роҳ монда мешавад

Июнь 21, 2017 18:26

ДУШАНБЕ, 21.06.2017 /АМИТ «Ховар»/.   Бо мақсади беҳтар намудани таъмини сокинони шаҳри Душанбе бо маҳсулоти ширӣ  ва бо дарназардошти риояи талаботу қоидаҳои санитарию байторӣ, оташнишонӣ ва экологӣ минбаъд дар  ҳудуди пойтахт фурӯши шир тариқи нақлиёти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Агросаноат»  ба роҳ монда мешавад.

Дар ин бора имрӯз Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.

Аз  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки  тибқи қарори мазкур ҶДММ «Агросаноат»  вазифадор гардидааст, ки ҳар рӯз аз соати 05:00 то 09:00 ва аз соати 18:00 то 20:00 сокинони пойтахтро бо шир таъмин намуда, рӯйхати мавзеъҳои барои фурӯши шир дар ҳудуди шаҳри Душанбе интихобшударо   бо Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мувофиқа намояд.

 

 

 

Июнь 21, 2017 18:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд