Имрӯз, 12 июни соли 2017 аст, рӯзи душанбе, рӯзи 163-уми сол аст. То охири соли равон боз 202 рӯзи дигар мондааст

Июнь 12, 2017 08:21

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша    

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

12 июни соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари судманд аз Люксембург бо сафари расмӣ ба Венгрия  рафтанд. Масъалаҳои рушди муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар дар мулоқоти «як ба як»-и сарони давлатҳои ду кишвар ва пас аз он бо иштироки ҳайатҳо баррасӣ гардид.

***

5 сол пеш, 12 июни соли 2015 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнии бахшида ба 15-солагии Ваҳдати миллии Тоҷикистон, оғози сохтмони иншооти зиёди дигар, шиносоии бевосита бо натиҷаҳои рушди ҳаёти ҷомеа ва назорат аз рафти машқҳои низомии муштараки кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай «Рисолати сулҳҷӯёна» ба вилояти Суғд сафар карда буданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими  оғози расмии аввалин Бозиҳои аврупоӣ ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.

***

12 июни соли 2009 муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷамшед Норинов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стефан Неллен оид ба вазъи  молиявии  кишвар табодули иттилоот намуда, ҳамчунин мушкилоти мавҷуда, роҳҳои бартараф кардани онҳо ва таъсироти бӯҳрони иқтисодии ҷаҳониро баррасӣ карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1994 ширкати «Боинг» аввалин маротиба бо ҳавопаймои Боинг-777 парвоз анҷом додааст .

***

12 июни соли 1991 дар аввалин интихоботи президентии Федератсияи Россия Борис Елсин роҳбари давлати  ин кишвар  интихоб гардид.

***

 12 июни соли 1876 империяи Австро-Венгрияӣ ташкил карда шудааст.

***

117 сол пеш аз ин, 12 июни соли 1900 дар Германия қонун дар бораи Флоти ҳарбии баҳрӣ қабул гардид, ки тибқи он лозим буд дар давоми 20 сол 38 киштӣ сохта шавад.

***

99 сол муқаддам, 12 июни соли 1918 дар Франсия аввалин маротиба санҷиши низомии ҳавопаймоии Америка гузаронида шуда буд.

***

12 июни соли 1919 Федератсияи футболи Полша таъсис дода шудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1928 дар Чикаго аввалин маротиба барномаҳои шабакаи  телевизионии WCFL  ба эфир  баромаданд.   Ин шабакаро Улисс Санабриа таъсис дода буд.

***

12 июни соли 1934 дар Булғория фаъолияти ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ  манъ шуда буд.

***

51 сол муқаддам, 12 июни соли 1966 ихтироъкор Владимир Векли      аввалин маротиба дар таҷрибаи ҷаҳонӣ қатораи бо барқ ҳаркаткунандаро ба истифода дод.

 ***

 Ҳамасола 12 июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдакон таҷлил карда мешавад.

 ***

Ҳамасола дар ин рӯз дар Украина Рӯзи бозори хазинавӣ таҷлил карда мешавад. Ин рӯз дар Россия иди умумимиллӣ- Рӯзи Россия ё худ Рӯзи эълон  гардидани   Истиқлолияти ин кишвар аст,  дар Туркманистон —  Рӯзи илм,  дар Бразилия  — Рузи ошиқон, дар Парагвай —  Рӯзи сулҳ бо Боливия,   дар Филиппин  — Рӯзи истиқлолият, дар Туркия  — иди   Рӯзи Конститутсия.

 

 

Июнь 12, 2017 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, ҷумъа, 327-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 317-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2024 аст