Имрӯз, 13 июн, сешанбе, 164-умин рӯзи сол аст. То охири сол 201 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июнь 13, 2017 12:18

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

13 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод,  шаҳри Кўлоб ва нимаи дуюми ҳамон рӯз ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон  сафари корӣ анҷом дода, бо рафти сохтмони хонаҳои нав ва бартарафсозии оқибати офатҳои табиии шаби 6 ба 7 майи соли 2010  баамаломада аз наздик шинос шуданд.

***

13 июни соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Бундестаги (парлумони) Ҷумҳурии Федеративии Германияро, ки бо роҳбарии  Дагмор Энекелман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Германия дар доираи Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гадид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини роҳбари Барномаи рушди СММ оид ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Ҷихан Султоноғлу мулоқот кард. Ҷонибҳо масъалаҳои кунунӣ ва дурнамои  ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ин ташкилоти бонуфуз баррасӣ карданд.

***

7 сол муқаддам, 13 июни соли 2010 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе намоиш-ярмаркаи байналмилалии ноҳияи мухтори Синзиян-Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Дар он молҳои содиротии ноҳия ба намоиш гузошта шуда буданд.

***

13 июни соли 1951 Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

***

Дар ин рӯзи соли 2001 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қарор Конвенсияи муҳоҷирони меҳнатии кишварро қабул намуда буд.

***

139 сол пеш, 13 июни соли 1878 дар Берлин Анҷумани асосии давлатҳои аврупоӣ барои азназаргузаронии амалигардии шартномаи сулҳи Сан-Стефанско миёни Туркия ва Россия таъсис дода шудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1895 аввалин маротиба дар ҷаҳон мусобиқаи мошинронӣ дар Франсия баргузор гардидааст.

***

 13 июни 1958  Чин Реактори ҳастаии таҷрибавии худро ба даст овард.

***

13 июни соли 1971 рӯзномаи «Нью-Йорк Таймс» ба нашри ҳуҷҷатҳои Пентагон оид ба дахолати Америка ба ҷанги Ветнамро оғоз кард.

***

Дар ин рӯзи соли 1971 Исроил неруҳои худро аз ҳудуди Лубнони Ҷанубӣ баровард.

***

37 сол қабл, 13 июни соли 1980 Шӯрои амнияти СММ аз Ҳукумати Африқо даъват ба амал овард, ки арбоби сиёсӣ Нелсон Манделуро озод намояд.

 ***

13 июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии паҳн намудани иттилот дар бораи  албинизм ҷашн гирифта мешавад, ки он бо қарори махсуси СММ аз 18 декабри соли 2014 роҳандозӣ гардидааст.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:

Дар Қирғизистон Рӯзи ёдбудро ҷашн мегиранд.

***

Дар Америка Рӯзи мошинаи дӯзандагӣ таҷлил мегардад.

ҒАЙР АЗ ИН:

13-16 июни соли 2017 ҳайатҳои Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Хитой барои иштирок дар ҷаласаи гурӯҳи муштараки назоратӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

***

13 июни соли 2017, соати 21:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дастаҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Филиппин байни ҳам сабқат менамоянд.

 

 

Июнь 13, 2017 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст