Имрӯз, 14 июн, чоршанбе, 165-умин рӯзи сол аст. То охири сол 200 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июнь 14, 2017 08:48

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

14 июни соли 2011 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония дар мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муовини президенти Агентии Япония оид ба масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Киёшки Кодер баррасӣ гарида буд.

***

14 июни соли 2011 дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси вақти Ҷумҳурии Халқии Хитой Ху Ҷинтао масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд. Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла доир ба ҷорӣ намудани таҷрибаи обёрии қатрагии заминҳои корам ва сарфакорона истифода бурдани захираҳои обӣ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

***

Дар ин рӯзи  соли 2012 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба машқгоҳи ҳарбии Чоруқдарони вилояти Суғд сафар карда, рафти машқҳои байналмилалии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро бевосита назорат намуда буданд.

Дар ин машқгоҳ қисмати ниҳоии машқҳои байналмилалии ҷузъу томҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ ва неруҳои махсуси давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардида буд. Барои иштирок дар ин машқҳо беш аз 2 ҳазору 500 низомӣ, зиёда аз 300 адад техникаҳои вазнини зиреҳпӯш ва 50 чархболу ҳавопаймои ҷангӣ сафарбар шуда буданд.

***

7 сол пеш, дар ин рӯзи соли 2010 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикитон» муҳокима шуд.

***

14 июни соли 1931 ноҳияи Файзобод таъсис дода шудааст.

***

14 июни соли 2014 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи кушоди Осиё оид ба муҳорибаҳои гуногун баргузор гардид.

***

14 июн Рӯзи байналмилалии блогерон таҷлил мегардад.

***

14 июн Рӯзи байналмилалии донорҳои хун аст.

 ***

79 сол муқаддам, дар ин рӯзи соли 1938 дар Америка хлорофилл (моддаҳои сабзе, ки ба растанӣ ранги сабз мебахшанд) ихтироъ шуд.

***

Дар ин рӯз дар Латвия ва Эстония Рӯзи ёдбуди ҷазогирифтагони коммунистӣ таҷлил карда мешавад.

***

 

Инчунин дар ин рӯз дар Парагвай Рӯзи сулҳ ва дар Россия Рӯзи кормандони Хадамоти муҳоҷират таҷлил карда мешавад.

 ***

14 июн дар Америка иди миллӣ- Рӯзи парчам ҷашн гирифта мешавад.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗИ СОЛИ:

 

2000- Дар Душанбе ҷаласаи байнидавлатии Шӯрои сарони давлатҳои Ҷомеаи иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

 ***

2001- Дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Халқии Хитой нишасти шашуми «Панҷгонаи Шанхай» баргузор гардида буд. Дар ҷараёни  нишаст Баёния дар бораи  табдил додани «Панҷгонаи Шанхай» ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай, инчунин пешниҳод дар бораи ба аъзогии СҲШ қабул намудани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расида буд.

***

1941 Агентии иттилоотии Россия -ТАСС  овозаи омодагии Олмон бар ҷанги зидди Иттиҳоди Шӯравиро эълон карда буд.

***

1944- Бомбаандози «Б-29»-и Америка аввалин бомбаро ба Япония партофтааст.

 ҒАЙР АЗ ИН:

14 июни соли 2017 дар шаҳри Глазгои Шотландия Конфронси 24-уми  байналмилалӣ оид ба тақсимоти неруи барқ баргузор мегардад.

***

13-16 июни соли 2017 ҳайатҳои Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Хитой барои иштирок дар ҷаласаи гурӯҳи муштараки назоратӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

 

Июнь 14, 2017 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст