Оростани хони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ рамзи эҳтиром ба анъанаҳои таърихӣ мебошад

Март 21, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 21.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни Наврӯз бахши ниҳоят қадимии фарҳангии тоҷикон мебошад. Ин ҷашн бузургтарин анъанаи миллӣ буда, аз гузашта то рӯзгори мо бо иҷрои як силсила маросими суннатӣ бо шукуҳу ҳашамат ва зебоию дилрабоиҳои баҳорона баргузор  мегардад. Як бахши онро оростани дастархони наврӯзӣ дар гӯшаву канори Тоҷикистон бо хӯрокҳои миллӣ ташкил медиҳад, ки арзи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ маҳсуб мешавад.

Дар хони наврӯзӣ таомҳои наврӯзӣ, ба мисли суманак, ширбиринҷ, самбӯса, оши палав, оши бурида, гандумкӯча гузошта мешаванд, ки писанди ҳамагон ҳастанд. Ин хӯрокҳо на танҳо лазизанд, балки хусусияти шифоӣ ҳам доранд. Зеро аксари онҳо аз гандум, донагиҳо ва гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла шибит, пудина, райҳон, ҷамилак ва ғайра омода карда мешаванд, ки барои саломатӣ муфид мебошанд.

Суманак

Як навъ хӯриши наврӯзӣ аст, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Барои тайёр кардани он ду ҳафта қабл аз ҷашни Наврӯз мардум дар хонаҳояшон дар табақҳо гандумҳоро шуста, месабзонанд ва рӯзи ид ба ҷашнгоҳ меоранд. Он ҷо ҳамроҳ бо занҳои дигар дар деги калоне суманак мепазанд.

Гандумкӯча, дангича (далда)

Далда ё боҷ хӯроки наврӯзие аст, ки дар баъзе аз минтақаҳои мамлакат онро гандумкӯча ё дангича ном мебаранд. Ин намуди таоми наврӯзӣ аз шикамба, почаки гов ё гӯсфанд ва ҳафт намуд зироати донагӣ, ба монанди гандум, ҷав, лӯбиё, нахӯд, кунҷид ва мош омода карда мешавад.

Ҳама маҳсулоти номбаршударо дар зарфи калон якҷоя карда, ба он оби бисёр илова менамоянд ва дар муддати як шабонарӯз онро дар оташи паст омода менамоянд. Ин навъи таом мисли суманак як шабонарӯз омода мешавад.

Оши палав

Оши палав яке аз хӯрокҳои маъмулу серғизо буда, дар тамоми ҷашну маъракаҳои мардуми тоҷик серистеъмол мебошад. Боиси ифтихор аст, ки ин хӯрок ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудааст.

Тавре дар созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО гуфта шудааст, «палав дар ин давлати Осиё як ҷузъи мероси умумии фарҳангӣ аст».

Зиёда аз 200 тарзи пухтани оши палав мавҷуд аст. Ин таом аз гӯшту биринҷ, сабзиву равған ва пиёз омода шуда, ба он мувофиқи табъ нахӯду мавиз ва дигар хӯшбуйкунандаҳоро ҳамроҳ менамоянд.

Ширбиринҷ

Он асосан аз ду маҳсулот омода шуда, барои лазизтару хушхӯр шудан ба он каме намаку равғани маска ё равғани зард ва шакар ҳамроҳ мекунанд. Бояд гуфт, ки ширбиринҷ дар байни мардуми тоҷик ҳамчун таоми миллӣ хеле арзишманд аст.

Инчунин хони идонаи наврӯзии тоҷиконро дигар намуди таомҳо, ба мисли хамирӣ, гӯштӣ ва сабзавоту гиёҳҳои ширфобахши фасли баҳор оро медиҳанд, ки инҳо аз ҷиҳати таъм лазиз буда, хусусияти давогӣ низ доранд.

Оши тупа ё оши бурида

Оши туппа -хӯроки аз хамир омодашуда буда, хамири дар он истифодашавандаро паҳн ё чоркунҷа ва дар дигар ҳолат дароз мебуранд. Дар оби ҷӯшидаистода, ки ба он алафҳои баҳорӣ андохта шудааст, хамирҳои буридашударо мепартоянд. Ба ин хӯрок нахуду лӯбиё низ ҳамроҳ мекунанд.

Шакароб

Шакароб хӯроки маъмулии мардуми тоҷик ба шумор меравад. Онро бо истифода аз фатир, чакка ё дӯғ, гиёҳҳои сабз, сирпиёз, помидор ва бодиринг омода менамоянд. Он дар ҳар минтақаи ҷумҳурӣ ба таври хосса омода карда мешавад.

Самбӯса

Яке аз хӯрокҳои маъмул дар байни аҳолӣ буда, барои тайёр кардани он орд, об, намак ва равғани зард, гӯшти қимма, пиёз ва мурчу зира зарур аст. Самбӯса якчанд навъ мешавад: самбӯсаи танӯрӣ, самбусаи варақӣ, кадугӣ ва алафӣ. Дар баҳорон асосан аз алаф самбӯса мепазанд.

Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 21, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд