Имрӯз, 15 июн, чоршанбе, 166-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 199 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июнь 15, 2017 08:26

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

15 июни соли 2009 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони фахрии профессори Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урал қадрдонӣ шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ роҳҳои рушди ҳамкории судманди ду кишвар баррасӣ шуд.

***

Ду сол пеш, 15 июни соли 2015 Пешвои миллат муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва раиси Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳро ба ҳузур пазируфта буданд. Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи васеи мардум, хусусан ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим, баррасӣ шуд.

***

15 июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии шамол таҷлил карда мешавад. Мақсади асосии таҷлил намудани ин ид, рӯй овардан ба мушкилоти комилан нокифоя истифода кардани энергияи шамолӣ (барқи бодӣ) мебошад.

***

Имрӯзи соли 2011 дар Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷонибдорӣ карда шуд.

***

15 июн дар Ҷумҳурии Корея Рӯзи кишоварзӣ ҷашн гирифта мешавад.

***

Аз соли 1997 инҷониб, 15 июн дар Озарбойҷон  ҳамчун Рӯзи миллии наҷот қайд карда мешавад.

***

Дар ин рӯз дар Қирғизистон Рӯзи кормандони хадамоти зидди сӯхтор таҷлил мегардад.

***

15 июни соли 1876 дар Япония сунами ба амал омад, ки дар натиҷа зиёда аз 28 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

***

134 сол муқаддам, имрӯзи соли 1883 дар Олмон қонуне  ба тасвиб расидааст, ки дар вақти беморӣ суғуртаи кории кормандро танзим менамояд.

***

15 июни соли 1982 дар чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дастаи миллии Маҷористон дастаи миллии Солвадорро бо ҳисоби калони 10:1 мағлуб кардааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1999 дар Белгия фурӯши «Кока-Кола»-ро  бо сабаби  химикати зиёд доштан манъ намуданд.

***

15 июни соли 1905 Россия ва Япония дар шаҳри Вашингтон барои гузаронидани музокироти осоишта ба мувофиқа омаданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗИ СОЛИ:

1996 — дар Тоҷикистон дар баробари дигар ҳизбҳо Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

***

1954- дар яке аз шаҳрҳои Швейтсария- Базел Ассотсиатсияи футболи Иттиҳоди Аврупо (УЕФА) таъсис дода шудааст.

 

Июнь 15, 2017 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст