Имрӯз 18 июн, якшанбе, 169-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 196 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июнь 18, 2017 08:32

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

18 июни соли 2009 дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи сеюми Шӯрои машваратӣ оид ба зиёд намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули Лоиҳаи Барномаи «Баланд бардоштани фазои соҳибкорӣ — 200 рӯзи ислоҳот» баргузор гардида буд.

***

18 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Синзияни Ҷумҳурии Халқии Хитой сарфароз гардонида шуданд.

***

Имрӯзи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор ба Ҷумҳурии Федеративии Бразилия рафта буданд.

***

Чор сол пеш, дар ин рӯзи соли 2013 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт маҷмааи варзишии замонавӣ бо шароити муосири машқу тамрин аз рӯи намудҳои гуногуни варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва бо 300 ҷои нишаст барои тамошобинон мавриди истифода қарор дода шудааст.

***

Инчунин, 18 июни  соли 2003 дар шаҳри Теҳрон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси вақти Ҳукумати Афғонистон Ҳомид Карзай роҳҳои рушди муносибати иқтисодии ду кишварро баррасӣ карданд.

***

18 июни соли 2007 дар шаҳри Душанбе Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва тасдиқкунии сарҳад ба кори худ шурӯъ намуда буд.

***

Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи июн дар Россия, Арманистон, Беларус, Молдавия ва Украина ҳамчун Рӯзи кормандони тиб таҷлил мегардад.

***

Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон якшанбеи сеюми моҳи июн, ки ба 17 июн рост меояд,  ҳамчун рӯзи падар ҷашн гирифта мешавад.

***

18 июни соли 2007 Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев қонунеро ба имзо расонид, ки тибқи он ҳамасола дар ин кишвар ин рӯзро ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн мегиранд.

***

18 июн дар Украина ҳамчун Рӯзи нозирони минтақавӣ таҷлил мегардад.

***

Дар ин рӯзи соли 1782 дар Швейтсария охирин маротиба барои ҷоду кардан ҳукми қатл ба қайд гирифта шудааст.

***

85 сол муқаддам, 18 июни соли 1932 дар Женева аввалин конференсияи байналмилалии Ассотсиатсияҳои баскетболи миллӣ баргузор гардида буд, ки дар он қарор оид ба таъсис додани Федератсияи байналмилалии баскетбол ба миён омад.

***

18 июни соли 1937 аввалин маротиба дар ҷаҳон дар хатсайри Маскав- Қутби Шимол –Ванкувер парвози бетаваққуф ба амал омад.

 ***

Дар ин рӯзи соли 1994 Александр Попов дар шиноварии тарзи озод ба масофаи 100 метр (48,21сония) рекорди ҷаҳонӣ гузоштааст.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:

 Соли 2002 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 44-уми Шӯрои фармондеҳони  Қӯшунҳои сарҳадии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардида буд.

***

Соли 1952 Англия нақшаи таъсис додани Федератсияи Африқои Марказиро эълон намудааст.

***

Соли 1924  миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Дания муносибати дипломатӣ барқарор гардидааст.

***

Соли 1812  ИМА барои баҳсҳои ҳудудӣ- баҳрӣ бар зидди Британия ҷанг эълон кард.

Июнь 18, 2017 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, панҷшанбе, 333-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, чоршанбе, 332-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, сешанбе, 331-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, душанбе, 330-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, якшанбе, 329-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, шанбе, 328-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, ҷумъа, 327-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст