Имрӯз 19 июн, душанбе, 170-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 195 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июнь 19, 2017 08:00

Шукух

 

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

19 июни соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо Қосим Қосимов, Раиси вақти вилояти Суғд дар бораи рафъи оқибатҳои офати табиӣ, ки 6-7 июни соли 2003 дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои ин вилоят xenical-orlistat.net буд, суҳбати телефонӣ карда, бобати расонидани кумак ба оилаҳои ашхоси бар асари фалокат ҳалокгардида дастурҳои мушаххас дода буданд.

***

19 июни соли 2013 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Нассоҷии Хуҷанд» мавриди истифода қарор дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд қасри боҳашамати варзишӣ ифтитоҳ гардид, ки сохтмони он бо ҳидояти Президенти кишвар моҳи апрели соли 2012 оғоз шуда буд.

 ***

 19 июни соли 2002 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 5-уми Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ баргузор гардида буд.

***

Инчунин 19 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе вохурии панҷуми роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба масъалаҳои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баргузор гардид.

***

19 июн Рӯзи умумиҷахонии футболи кӯдакона таҷлил карда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ин намуди варзиш аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи махсусе таҳия ва қабул гардидааст, ки тибқи он дар оянда беҳтару бештар рушд додани футбол ва оммавӣ гардонидани он дар назар дошта шудааст.

 ***

19 июн дар Алжир Рӯзи инқилоб ва дар ИМА Рӯзи озод намудани ғуломон таҷлил мегардад.

***

Дар ин рӯз дар Қувайт иди умумимиллӣ- Рӯзи истиқлолият ҷашн гирифта мешавад.

***

19 июн дар Ҷумҳурии Тринидад и Тобаго Рӯзи меҳнат таҷлил мегардад.

***

85 сол муқаддам, 19 июни соли 1932 дар Австрия фаъолияти ҳизби миллатгароён қатъ карда шудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1938 тими мунтахаби Италия чемпиони ҷаҳон оид ба футбол шуд. Дар мусобиқаи финалӣ онҳо тавонистанд дастаи пурқуввати ҳарифашон-Венгрияро бо ҳисоби 4:2 шикаст диҳанд.

***

Хамчунин 19 июни соли 1941 аз Италия ва Олмон консулҳои Америка берун карда шуданд.

***

72 сол пеш, дар ин рӯзи соли 1945  Испания оид ба  шомил шудан ба СММ ҷавоби рад додааст.

***

19 июни соли 1968 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи амнияти кафолати ваколати кишварҳое, ки яроқи ҳастаӣ надоранд, қатънома кабул кардааст.

***

19 июни соли 1944 дар Англия кабобе омода карда шуд, ки зиёда аз 880 метр дарозӣ дошт ва ба китоби «Рекорди ҷаҳон» ворид карда шуд.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 

Соли 1962 аввалин анҷумани зиёиёни Тоҷикистон баргузор гардидааст.

***

 Соли 2013 дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои хизматрасонии «ТОҶ СИТИ»-ро ифтитоҳ намуда буданд.

***

Соли 2007 дар шаҳри Душанбе шабакаи телевизионии  «Симои мустақили Точикистон» ба фаъолият шурӯъ кардааст.  

***

Соли 1925 дар Киев аввалин намоишгоҳ оид ба омӯзиши кайҳон ва кайҳоннавардӣ баргузор гардидааст.

 

Июнь 19, 2017 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш