Имрӯз 20 июн, сешанбе, 171-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 194 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июнь 20, 2017 08:00

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

20 июни соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони маорифи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони ИДМ ба Душанбе ташриф оварда буданд, ба ҳузур пазируфт. Пас аз анҷоми мулоқот Вазири маориф ва илми Федератсияи Россия Андрей Фурсенко дар ҳузури рӯзноманигорон иброз доштааст, ки дар мулоқот бо Сарвари давлати Тоҷикистон масоили гуногунҷанбаи соҳаи маорифро мавриди муҳокима қарор додаанд.

***

20 июни соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии якҷояи ЮНЕСКО ва механизми «СММ-Об» оид ба масоили соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карда буданд. Дар суханронии худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми давлатҳо даъват ба амал оварданд, ки тавассути амалҳои мушаххас дар соҳаи об ва санитария чораҳои зарурӣ андешанд, то ин ки Соли байналмилалии ду ҳазору сенздаҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи об пурсамар ҷамъбаст гардида, натиҷаҳои бадастомада дар солҳои минбаъда барои некӯаҳволии мардум ва муҳити зисти устувор истифода шаванд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар Шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мири шаҳри Сямени Ҷумҳурии мардумии Чин Лю Кэтсинро ба ҳузур пазируфта буданд. Зимни суҳбати самимӣ доир ба роҳҳои гуногуни ташкил ва густариши ҳамкорӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои омодаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй сурат гирифта буд.

***

4 сол пеш, 20 июни соли 2013  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази фарҳангу фароғати Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияи он машварати васеи корӣ анҷом доданд. Дар машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Суғд тайи солҳои охир ва дар 5 моҳи соли равон мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифта, вазифаҳои минбаъда муайяну мушаххас карда шуданд.

ҶАШНҲО:

Аз соли 2001 инҷониб дар ҷаҳон 20 июн ҳамчун Рўзи байналмилалии паноҳандагон гиромӣ дошта мешавад. Ин тасмим 4 декабри соли 2000 дар ҷалассаи Ассамблеяи Генералии  СММ қабул шудааст. Бояд гуфт, ки то қабули ин қарор, Рўзи паноҳандагон танҳо дар Африқо таҷлил карда мешуд.

***

20 июн дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии нигоҳдории филҳо дар боғи ҳайвонот ҷашн гирифта мешавад.

***

Инчунин дар ин рӯз дар Озарбойҷон Рӯзи кормандони хоҷагии газ таҷлил мегардад.

***

20 июн дар Аргентина Рӯзи Парчами миллӣ ва дар Сенегал Рӯзи Истиқлолият ҷашн гирифта мешавад.

***

Ҳамасола 20 июн дар Ӯзбекистон Рӯзи Истиқлолият ҷашн гиифта мешавад.

ҲАВОДИС:

20 июн соли 2011 дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе Конференсияи вазирони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба анҷом расид.

***

136 сол муқаддам, 20 июни соли 1881 дар Нижний Новгород аввалин маротиба дар Россия алоқаи телефонӣ ба роҳ монда шудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1872  Бойгонии умумии Канада таъсис дода шудааст.

***

Ҳамин рӯзи соли 1943 дар қисми шимолии Канада  «Даҳанаи оташфишони нави Квебек», ки 5-умин даҳана ва ё чуқурии бузургтарин дар ҷаҳон дониста мешавад,  кашф гардид.   Ин даҳана, ки дар натиҷаи бархӯрди астероиди диаметраш 5 км пайдо шудааст, 100 км диаметр дошт, аммо бар асари вайроншавии замин, диаметри  он ба 71 км баробар шудааст.

***

67 сол муқаддам, 20 июни соли 1950 Ҳизби коммунистии Африқои Шимолӣ баста шуд.

***

20 июн соли 1973 дар  Уругвай табаддулоти давлатӣ ба миён омад.

***

Дар ин рӯзи соли 1933 дар Иттиҳоди Шӯравӣ Прокуратураи генералӣ таъсис дода шудааст.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2008 дар шаҳри Душанбе  Сафорати Ҷумҳурии Карея ифтитоҳ ёфтааст.

***

Соли 1954 дастаи футболи Олмон дастаи Швейтсарияро бо ҳисоби  8:3 мағлуб кардааст, ки ин бозӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ҳамчун рекорди таърихӣ номбурда мешавад.

***

Соли 1955 аз ҳама офтобгирии дарозмуддат дар Филиппин ба қайд гирифта шудааст, ки он 7 дақиқаю  20 сонияро ташкил додааст.

***

Соли 1967 боксёри машҳур Муҳаммад Алӣ  бо ҳукми суди Хюстони ИМА барои рад кардани хизмат дар Артиши Амрико  ва иштирок накардан дар ҷанги  Ветнам ба муддати 5-сол ҳабс  ва 10 000 доллар ҷарима карда шуд.

Июнь 20, 2017 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст