Имрӯз 21 июн, чоршанбе, 172-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 193 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июнь 21, 2017 08:30

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

21 июни соли 2010 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президент,  роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул оид ба рафти татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ машварати корӣ доир намуда буданд. Сарвари давлат   ба масъулини соҳа дастур доданд, ки   барои дар сатҳи баланд навсозӣ кардани роҳҳои мошингарди Душанбе-Турсунзода, Душанбе-Қӯрғонтеппа-Данғара, Душанбе-Қӯрғонтеппа-Дўстӣ, Айнӣ-Панҷакент ва Хуҷанд-Исфара  лоиҳаҳои сармоягузорӣ таҳия ва пешниҳод карда шаванд.

***

21 июни соли 2012 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар доираи иштирок дар Конференсияи Рио+20 Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот карда буданд.  Зимни суҳбат масъалаҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоду муассисаҳои сершумори он муҳокима гардиданд. Ҷонибҳо ба раванди татбиқи пайгиронаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи умумии Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ифтитоҳ гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. Бояд тазаккур дод, ки Конференсияро Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ҳусни оғоз бахшида буд. Иштирокдорон бо як овоз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Бразилия Дилма Русефро ҳамраиси Конференсия интихоб намуданд. Дар Конференсия аз миёни зиёда аз 140 сарони давлат ва ҳукуматҳои кишварҳои олам Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввалин шуда, нутқ эрод намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли  Созмони ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезенсевро ба ҳузур пазируфта буданд.  Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар доираи ин созмон, мавзӯъҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои он ва раёсати ояндаи Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисоду тиҷорат ва сиёсати ҷавонон зоҳир гардид.

ҶАШНҲО:

21 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии Йога ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз аз ҷониби  Маҷмааи Умумии СММ  бо пешниҳод ва дархости  махсуси Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ  роҳандозӣ  гардидааст. Пешниҳоди мазкурро 157 кишвар дастгирӣ намуданд ва  шурӯъ аз соли 2015 инҷониб ин рӯз таҷлил мегардад.

***

21 июн ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии варзиши СКЕЙТБОРДИНГ ҷашн ширифта мешавад.

***

Ҳамасола 21 июн дар Россия Рӯзи кинологҳо ҷашн гирифта мешавад.

***

21 июн дар Франсия Рӯзи мусиқиро таҷлил мекунанд.

***

Дар ин рӯз дар Дания ва Генландия Рӯзи миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

***

21 июн дар Канада Рӯзи умумимиллии сокнони муқимӣ таҷлил мегардад.

РӮЙДОДҲО:

Як сол қабл, 21 июни соли 2016 дар ноҳияи Исмоили Сомонии  шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин Маркази тиҷоратии «Душанбе мол» («Ашан»)-ро ифтитоҳ намуда буданд.

***

21 июни соли 2010 дар маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ конференсияи  дурӯзаи  «Анъана ва равандҳои демократия дар Тоҷикистон» ба кори худ оғоз намуда буд.

***

183 сол муқаддам,  21 июн соли 1834 дар ИМА аввалин мошинҳои дараванда ихтироъ карда шудаанд.

***

Дар н рӯзи соли 1907 Агентии иттилоотии Америка Юнайтед Пресс Интернэшнл (ЮПИ) таъсис дода шудааст.

***

Инчунин 21 июни соли 2003 дар натиҷаи таркиши қубурҳои газгузар дар Нигерия зиёда аз 100 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

21 июн соли 1948 дар Донишгоҳи Манчестер аввалин барномаи компютерӣ санҷида шудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1788  баъд аз ба тасвиб расидани Конститутсия  дар Иёлати Ню-Гэмпшир он  ҳамчун 9-умин Иёлат дар ИМА ба қайд гирифта шуд.

***

 21 июни соли 1804 химики англис Смитсон Теннант ҳисоботи ду фулузоти навро бо номи Иридия ва Осмия дар назди  Ҷамъияти шоҳигарии Британияи Кабир муаррифӣ намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1942 дар Исроил гармтарин рӯз ба қайд гирифта шудааст: он рӯз ҳарорати ҳаво  +53,9°С-ро ташкил додааст.

***

Соли 1970  Бразилия  маротибаи сеюм чемпиони ҷаҳон оид ба футбол шуд. Бразилиягиҳо дар мусобиқаи финалӣ дастаи Италияро бо ҳисоби 4:1 мағлуб карданд.

Июнь 21, 2017 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст