Имрӯз 23 июн, ҷумъа, 174-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 191 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июнь 23, 2017 09:43

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

23 июни соли 2010  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 13-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ва шиносоии наздик бо вазъи зиндагии мардум ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон сафар карда буданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба деҳаи навбунёди Сурхсангоби ин ноҳия ташриф оварда, бо рафти сохтмони хонаҳо, ки барои аҳолии аз заминларзаи моҳи январи соли 2010 бунёд ёфта буданд, аз наздик шинос шуданд.

***

4 сол муқаддам, 23 июни соли 2013 мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Кувайт баргузор гардид. Баррасии муфассали роҳҳои таҳким ва густариши ҳамкории ду кишвари дӯст дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ сурат гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 пас аз баррасии муфассали дурнамои муносибот ва ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар ҳузури сарони ду давлат ва ҳайатҳои воломақом 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расида буд, ки яке аз онҳо  Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматӣ буд.

***

3 сол пеш, 23 июни соли 2014 дар Қасри Подшоҳи Малайзия мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи ин кишвар волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам баргузор шуда буд. Миёни онҳо оид ба ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои Тоҷикистону Малайзия гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

***

23 июни соли 2014 дар Малайзия Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба машваратҳои дуҷониба ба имзо растидааст.

***

23 июни соли 2014 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд вохӯрии шашуми коршиносони Хадамоти сарҳадбонии мақомоти салоҳиятдори кашварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардида буд.

***

Дар ин рӯзи соли 2004  Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид намуд, ки тибқи он воситаҳои ахбори оммаи чопӣ   барои нашр ва паҳн намудани ахбор  аз  андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуданд.

 

ҶАШНҲО:

23 июн Рӯзи байналмилалии олимпӣ ҷашн гирифта мешавад.

***

Дар ин рӯз дар Молдавия иди умумимиллӣ- Рӯзи истиқлолият таҷлил мегардад.

***

Инчунин 23 июн ҳамчун Рӯзи хизматчиёни давлатии Созмони Милали Муттаҳид таҷлил карда мешавад.

***

Дар ин рӯз дар Қазоқистон Рӯзи политсия ва дар Украина Рӯзи хадамоти давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

***

23 июн дар Эстония Рӯзи ғалабаро таҷлил мекунанд.

 

РӮЙДОДҲО:

23 июни соли 2013 дар оғози мулоқоти Амири Давлати Кувайт бо  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои олии давлатӣ баргузор гардидааст. Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо олитарин мукофоти давлатии худ ордени «Муборак Алкабир» сарфароз намудааст. Инчунин аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ бо ордени «Исмоили Сомонӣ дараҷаи I» сарфароз гардонида шуда буд.

***

23 июни соли 1860 Хадамоти махфии Америка таъсис дода шудааст. Дар оғози фаъолият Хадамот танҳо оид ба мубориза бар зидди долларҳои қалбакӣ фаъолият мекардааст.

***

120 сол муқаддам, дар ин рӯзи соли 1897 бар асари оташфишонии дарозтарини вулқони Майон дар Филиппин зиёда аз 400 нафар ба ҳалокат расида буданд.

***

Инчунин 23 июни соли 1902 Австро-Венгрия, Олмон ва Италия барои 12 сол Иттифоқи сегона барқарор карданд.

***

23 июни соли 1934 Арабистони Саудӣ ва Яман пас аз ҷанги шашрӯза шартномаи сулҳро ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1952  зиёда аз 500 ҳавопаймои Америка панҷ бузургтарин неругоҳи барқиро дар Кореяи Шимолӣ хароб карданд.

***

32 сол пеш аз ин, дар ин рӯзи соли 1985 бар асари таркиши бомба дар дохили ҳавопаймои «Боинг-747»-и ширкати «Эр-Индия» зиёда аз 329 нафар ба ҳалокат расиданд. «Боинг-747» дар уқёнуси Атлантик дар наздикии Ирландия суқут кард.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1976 дар Торонто (Канада) аз ҳама манораи баландтарини ҷаҳон бо дарозии 550 метр кушода шуд.

***

Соли 1998 аввалин маротиба дар ҷаҳон аз як кас ба каси дигар гузаронидани ҳуҷайраҳои мағзи сари инсон ба қайд гирифта шудааст.

***

Соли 1868 мошинаи ҳуруфчинӣ ихтироъ карда шудааст.

 

 

Июнь 23, 2017 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст