Имрӯз 26 июн, душанбе , 177-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 188 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июнь 26, 2017 09:22

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

26 июни соли 2012 дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 15-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон  ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки яке аз хиёбонҳо ва ё майдонҳои пойтахт «Ваҳдати миллии Тоҷикистон» номида шуда, дар он рамзи Ваҳдати ҷовидонаи мардуми кишвар гузошта шавад.

***

26 июни соли 2014 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо корҳои кишоварзӣ ва доир намудани машварати корӣ бо фаъолони соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара рафта буданд. Пешвои миллат  дар ноҳияи Данғара нахуст ба ҷамоати деҳоти Лолазор ташриф оварда, бо кори намунавии хоҷагиҳои деҳқонии «Сомонҷон», «Имоми Аъзам», «Мирзои Мардон» ва «Муҳсинҷон» бевосита шинос шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар  Малайзия  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи мошинсозии «Протон» дидан карда, бо фаъолияти он бевосита шинос шуда буданд. Зимни боздид ҳамчунин оид ба ташкили ҳамкории ин корхона бо Тоҷикистон гуфтугӯи судманд сурат гирифта буд.

 ***

 26 июни соли 2015 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба муносибати 18-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мулоқот ва оид ба арзишҳои волои сулҳу оромӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон андешаронӣ намуда буданд.

 

ҶАШНҲО:

26 июни соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иди Рамазон таҷлил мегардад.

***

26 июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир таҷлил карда мешавад.

***

Дар ин рӯз дар тамоми олам Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷаро ҷашн мегиранд.

***

26 июн дар Озарбойҷон Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ таҷлил мегардад.

***

Инчунин дар ин рӯз дар Белоруссия   Рӯзи кормандони прокуратура ҷашн гирифта мешавад.

***

26 июн дар Мадагаскар Рӯзи истиқлолият ва дар Румыния Рӯзи парчами миллиро ҷашн мегиранд.

РӮЙДОДҲО:

26 июни соли 2014 миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лимкоквинги Малайзия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расида буд. Тибқи ин санад, ин муассисаи таҳсилоти олӣ  ҳар сол 20 бурсия (квота) барои донишҷӯёни тоҷик ҷудо менамояд.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 дар шаҳри Нью-Йорк дар синни 85 — солагӣ Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Шоиста Муллоҷонова аз олам даргузаштааст.

***

 26 июни соли 2011  дар шаҳри Душанбе аввалин Ҷашнвораи байналмилалии асбобҳои мусиқии «Навои арғунун» баргузор гардидааст.

***

35 сол муқаддам, 26 июни соли 1982 Лигаи миллии футболи Америка кокаинро таҳдидкунандаи асосии варзиш номида буд.

***

Дар ин рӯзи соли 1992  дар финали Чемпионати Аврупо оид ба футбол, ки дар Шветсия баргузор гардида буд, тими миллии Дания тими  Олмонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.

***

22 сол пеш, дар ин рӯзи соли 1995 дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия ба автомобили Президенти Миср Ҳуснӣ Муборак тир парронда шудааст.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1919 аввалин шумораи рӯзномаи «Нью-Йорк Дейли Ньюс»ба нашр расидааст.

***

Соли 1941  Финляндия бар зидди Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанг эълон карда буд.

***

Соли 1976 дар Торонто (Канада) аз ҳама баландтарин бино дар ҷаҳон — Бурҷи миллии Канада (Canadian National Tower) бо баландии 553 метру 34 см сохта шудааст.

Июнь 26, 2017 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш