Имрӯз 27 июн, сешанбе , 178-умин рӯзи соли 2017 аст . То охири сол 187 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июнь 27, 2017 08:20

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

27 июни соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон тӯйи хайрияи 64 ҷуфти ҷавон, ки ятимону бепарасторон ва аз оилаҳои камбизот мебошанд, дастаҷамъона баргузор гардида буд.  Хотиррасон бояд намуд, ки солҳои охир бо ибтикори саховатмандонаю ҷавонмардонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври дастаҷамъона ва хайрия баргузор намудани хатнасур ва тӯйҳои арусии кӯдакону ҷавонони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат ба ҳукми анъана даромадааст.

***

3 сол пеш, 27 июни соли 2014 боздиди кории Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо шиносоӣ бо дастовардҳои кишоварзони вилоят дар намоишгоҳи маҳсулоти гуногуни онҳо ва машварати корӣ бо фаъолони ин соҳаи вилоят ҷарайён гирифта буд. Рӯзи дуюми сафари кории Сарвари давлат мущтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара бо дидан аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар бозори навбунёди Каёнуш ба роҳ монда шуд, оғоз гардида буд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз вазъи буду боши сарҳадбонони Отряди сарҳадии Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошноӣ пайдо карда буданд. Хабар дода шуда буд, ки соли 2016 бо кӯмаку дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавзеъҳои пешбурди хизмат, бинову иншооти таълимии Отряди сарҳадии Ишкошим пурра аз таъмир бароварда шуд.

***

27 июни соли 2016 дар зимни сафар ба ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда, ба сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами №21 барои 480 ҷойи нишаст оғози расмӣ бахшида буданд.

***

20 сол муқаддам, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро имзо намудаанд, имрӯз ба ин муносибат дар саросари кишвар барномаҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ баргузор мегардад.

 

ҶАШНҲО:

27 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Соли равон 20 солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро шаҳри Ваҳдат бо баргузор намудани як чорабинии мухии сиёсию фарҳангии барномарезишуда таҷлил менамоянд.

***

27 июн дар саросари ҷаҳон ҳачун Рӯзи оҳигирон ҷашн гирифта мешавад.

***

Инчунин 27 июн дар Россия ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад.

***

27 июн дар Ҷибутӣ Рӯзи истиқлолият ва дар Ӯзбекистон Рӯзи матбуот таҷлил карда мешавад.

РӮЙДОДҲО:

27 июни соли 2014 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии солонаи саҳмиядорони ҶСК НБО Роғун баргузор гардидааст.

***

27 июни соли 1930 ширкати байналилалии ҳавопаймоии канада таъсис дода шудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1968 дар Иттиҳоди Шӯравӣ қонун «Дар бораи ақди никоҳ» ба тасвиб расидааст.

***

Имрӯзи соли 1986 дар раъйпурсии Ирландия аксарияти аҳолӣ ба ҷонибдории манъи талоқ овоз додаанд.

***

Дар ин рӯзи соли 1998 дар Туркия бар асари заминҷунбӣ зиёда аз 100 нафар ба ҳалокат расида, 1000 нафар ҷароҳат бардоштааст.

***

27 июни соли 2000 Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев имтиёзи якумраи иҷтимоӣ ба даст овард.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1693 дар Лондон аввалин рӯзнома барои занон нашр шудааст.

***

Соли 1816 дар Петербург (Россия) аввалин биржаи русҳо ташкил карда шудааст.

***

Соли 1978 дар ИМА аввалин  спутники уқёнусомӯзӣ ба кайҳон фиристода шудааст.

Июнь 27, 2017 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст