Имрӯз, 3 июни соли 2017, рӯзи шунбе, рӯзи 154–уми сол аст. То охири соли ҷорӣ боз 211 рӯзи дигар мондааст

Июнь 3, 2017 10:53

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

3 июни соли 2012  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз шаҳри Шанхай ба кони металлҳои рангаи ширкати Зи Ҷин, ки дар қуллаи «Кӯҳи тиллоӣ»-и шаҳри Лунян қарор дорад, ташриф оварданд.  Зимни шиносоӣ бо фаъолияти кӯҳканӣ ва заршӯии корхонаҳои истеҳсолии ширкати Зи Ҷин, аз ҷумла зикр гардид, ки ин ширкат дар бахши истеҳсоли металлҳои ранга дар кишвари Чин мавқеи пешқадамтаринро ишғол менамояд.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раиси палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асаналӣ Карамалиев бо роҳбари Бахши минтақавии   Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Тура Билолов мулоқот кард. Мақсад аз вохӯрии мазкур- муҳокимаи ҳамкории ҷойдошта ва дурнамои  он буд.

***

 3 июни соли 2013 мулоқоти Вазири ҳамонвақтаи корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон Дидйе Леруа баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла, масоили вобаста ба ифтитоҳи расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Париж, инчунин вазъи феълии сохтмони манораи назоратию диспетчерӣ ва терминали нави «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-ро мавриди муҳокима қарор доданд.

***

 3 июни соли 1928 дар ҷаҳон  аввалин маротиба  дар мағозаҳо фурӯши телевизор  ба роҳ монда шуд ва   савдои он ба таври васеъ  сурат гирифт.  Баъд  аз пайдо шудани нусхаҳои нахустини телевизор олимону муҳандисон дар пайи такмилу ташаккули он пажўҳишу озмоишҳо анҷом дода,  шакли муосири онро рӯи кор оварданд.

***

Ҳамасола якшанбеи якуми моҳи июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ ҷашн гирифта мешавад, ки соли равон ин рӯз ба 3 июн рост омад.

***

61 сол муқаддам, 3 июни соли 1956 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд канали Дилварзин ба истифода дода шуд.

***

90 сол пеш дар ин рӯзи соли 1927 дар Юнон конститутсияи нав қабул карда шуд.

***

56 сол қабл, 3 июни соли 1961 дар пойтахти Австрия- шаҳри Вена аввалин мулоқоти баъдиҳарбии роҳбарони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардида буд.

***

3 июни соли 2015 дар Латвия интихоботи президентӣ баргузор гардид.

***

3 июн Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Намибия мебошад.

***

3 июн дар Черногория иди миллӣ-Рӯзи истиқлолият мебошад. Дар ин рӯзи соли 2006 парлумони ин кишвар аз соҳибистиқлол гардидани он хабар дод. Ин хабар дар асоси раъйпурсие, ки 21 майи соли 2006 дар Черногория баргузор гардида буд, эълон шуд. Нимаи аввали моҳи июн Черногорияро бисёр созмонҳо ва ташкилотҳо эътироф карданд ва дар охири ҳамин моҳ ҳамчун узви 192-юми СММ қабул гардид.

 

 

Июнь 3, 2017 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст