Имрӯз, 9 июни соли 2017 аст, рӯзи ҷумъа, рӯзи 160-уми сол аст. То охири соли равон боз 207 рӯзи дигар мондааст

Июнь 9, 2017 08:07

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша    

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

9 июни соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои музокироти расмии ҳайати Тоҷикистон ва Австрия ба намояндагони воситаҳои ахбори омма изҳороти матбуотӣ дода буданд.

***

Инчунин 9 июни соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот намуданд .       Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории бисёрпаҳлӯи Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар Кохи Сомони бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид  ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 баргузор гардида буд. Хотиррасон бояд намуд, ки барои иштирок дар ин конфронс беш аз 1500 нафар аз зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд.

***

9 июни соли 2012 дар доираи иштирок дар ҷаласаи кори Шӯрои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Пекин- пойтахти Ҷумҳурии Халқии Хитой (ҶХХ) Шариф Саид, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Чжан Юйцзин, Президенти Палатаи савдо оид ба содирот ва воридоти маҳсулоти мошинию техникии ҶХХ мулоқот кард. Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо созишномаи ҳамкориро ба тасвиб расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар шахси президенти он Рустами Эмомалӣ ва Ассотсиатсияи футболи Япония (АФЯ) дар шахси муовини президенти он Козо Ташимӣ Ёддошти тафоҳум имзо намуданд. Ҳуҷҷати мазкур бо мақсади рушди футболи Тоҷикистон ва Япония, мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстӣ байни  ду кишвар, инчунин мубодилаи таҷриба байни ФФТ ва АФЯ ба имзо расонида шуд.

***

9 июни соли 2012 мусобиқаи  футбол байни дастаҳои«Хайр» (Ваҳдат) ва «Вахш» (Кӯрғонтеппа) дар дақиқаи 55-ум бо сабаби боридани борони пуршиддат ва жола боздошта шуд. Аз сабаби он, ки дар он вақт майдонро жола пӯшонида буд, довари майдон Диловаршоҳ Орзуев бозиро боздошт. Ҳисоби бозӣ то он вақт кушода нашуда буд.

***

154 сол қабл, 9 июни соли 1863 дар Ванкувер бузургтарин ҷанги аскарони савора   дар ҷанги шаҳрвандии ИМА баргузор гардид.

***

Инчунин дар ин рӯзи соли 1898 Англия Гонконгро барои 99 сол ба иҷора гирифт.

***

9 июни соли 1908 аввалин маротиба ҳолати дар ҳаво наҷот додани одаме ба қайд гирифта шуд, ки парашюташ кушода нашудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1920 ҷанги байни арманиҳо ва туркон оғоз гардид.

***

Инчунин 94 сол пеш, дар ин рӯзи соли 1923  дар Булғористон  аввалин маротиба табаддулоти қатъӣ ба вуҷуд омад.

***

9 июни соли 1935 дар Иттиҳоди Шӯравӣ қонуне қабул гардид, ки тибқи он нисбат ба шахсони аз сарҳад фироркунанда ҳукми қатл татбиқ мегардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1956 дар заминҷунбие, ки дар Афғонистон ба вуқӯъ омад, зиёда аз 400 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

9 июни соли 1968 дар Канада аввалин маотиба мубоҳисаи телефонии сарварони сиёсӣ ба миён омад.

***

9 сол муқаддам, 9 июни соли 1978 китоби Библияи Гутенбег дар музояда ба маблағи 2,4 миллион доллар фурӯхта шуд.

***

9 июни соли 1994 Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев эълон кард, ки пойтахти ин кишвар аз Алма-Ато ба Акмолу (Селиноград) кӯчонида шавад.

***

Дар ин рӯзи соли 1994 Шӯрои амнияти СММ қувваҳои сулҳҷӯёнаи худро ба Ҷумҳурии Раунда равон карда буд.

ИДҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Шурӯъ аз соли 2008, 9 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии аккредитатсия таҷлил карда мешавад.

***

Ҳамасола 9 июн ҳамчун Рўзи байналмилалии бойгонӣ таҷлил карда мешавад.  Ҷашни мазкур моҳи ноябри соли 2007 дар Ассамблеяи Генералӣ дар Квебек (Канада) таъсис дода шудааст. Ҳадафи таъсиси санаи мазкур ҳамчун рўзи бойгонӣ ҷиҳати   ҳалли масъалаҳои бойгонӣ, идоракунӣ ва нигаҳдории самаранок, коркард ва истифодаи мероси бойгонии ҷаҳон тавассути муқаррар намудани меъёрҳои байналмилалӣ ва омўзиши пешрафтаи ҳифзи бойгонӣ, ҳамзамон дастрасии мусоид  байни истифодабарандагон мебошад.

***

Инчунин 9 июн Рӯзи байналмилалии дӯстон таҷлил карда мешавад.

 

ИНЧУНИН 9 ИЮН

 

Дар Америка Рӯзи пиронсолон таҷлил карда мешавад.

***

Дар Уганда Рӯзи қаҳрамононро ҷашн мегиранд.

***

Дар Уругвай ва Америкаи Ҷанубӣ  Рӯзи футболро ҷашн мегиранд

 

 

 

 

Июнь 9, 2017 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст