«Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат-роҳнамои ҷавонон», «Боирода бояд буд», «Ҷавонӣ- шукуфтану пурбор гаштан» –шарҳи матбуот
ДУШАНБЕ, 01.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораи 105 аз 26.05.2017 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи муборак ва файзу баракат аст, чоп намудааст. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон мардуми кишварро бо фаро расидани моҳи шарифи Рамазон табрик намуда, ба хонадони онҳо осоишу оромиш ва файзу баракат таманно намудаанд. Пешвои миллат дар Паёмашон таъкид намудаанд, ки «Мо бояд фитри рӯза ё садақаи фитрро на ба шахсони тавонманду доро, уламову ходимони дин, балки ба касони эҳтиёҷманд ва ятимону маъюбон хайр намоем ва дар ин амал ба зиёдаравӣ роҳ надиҳем».
Ҳамзамон дар ин шумора гузориш аз ҷараёни Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 май дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, интишор гардидааст. Гуфта мешавад, ки дар Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумат «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии илмии “Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, «Дар бораи тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон», «Дар бораи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» ва «Дар бораи Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар маҷлис Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ, кишти такрорӣ, ҷамъоварии ҳосил, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулот дар рӯзҳои моҳи рамазон, анҷоми амалҳои хайр дар ин рӯзҳо, хусусан дастгирии эҳтиёҷмандону бепарасторон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Инчунин дар ин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳён, ки 25 май дар Қасри миллат доир гардид, чоп гардидааст. Гуфта мешавад, ки дар мулоқот масъалаҳои муҳими тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардиданд.
Дар шумораи 108 –уми рӯзноами «Ҷумҳурият» аз 31.05.2017 фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъйиноти кадрӣ ва ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз ҷониби Президенти кишвар интишор ёфтаанд. Хонандагон ҳамзамон дар ин шумора мақолаҳоро бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 10- солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутолиа карда метавонанд.
Нашрияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» дар шумораи рӯзи чоршанбе- 31.05.2017 №22 гузориши сухангӯи ҲХДТ –ро таҳти унвони «ҲХДТ ва «Единая Россия»: қадамҳои устувори ҳамкориҳо» интишор намудааст. «Тарбияи ватандӯстӣ рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб мегардад. Баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон, равнақи худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии онҳо дар шароити соҳибистиқлолии мамлакат яке аз омилҳои таҳкиму тақвият бахшидани истиқлолият ва муҳимтарин фишанги ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷомеа мебошад»-чунин омадааст дар мақолае, ки ба ифтихори Соли ҷавонон таҳти унвони «Дарси худшиносии ҷавонон» нашр гардидааст.
Нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷавонони Тоҷикистон» (№22 01.06.2017) дар иртибот ба соли 2017 –Соли ҷавонон мақолаю гузоришҳои хонданбобро аз ҳаёти ҷавонони кишвар таҳти унвони «Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат-роҳнамои ҷавонон», «Олимони ҷавон муаррифгари давлатанд», «Боирода бояд буд», «Ҷавонӣ- шукуфтану пурбор гаштан» ва ғайраро рӯи чоп овардааст. Нашрияи ҷавонони кишвар ҳамзамон дар яке аз саҳифаҳояш доир ба фарорасии моҳи мубораки Рамазон, хусусан манфиати ин моҳи шариф барои саломатии инсонҳо таҳти унвони «Рамазон –моҳи истироҳати меъда» мақола нашр намудааст. Муаллифи мақола менигорад, ки: «рӯза доштан дар ин моҳ дар баробари аз ҷиҳати рӯҳию маънавӣ манфиатнок буданаш ба саломатӣ низ фоидаовар аст: бемориҳоро шифо мебахшад. Ба шарте, ки дар хӯрдан ҳадди эътидол риоя шавад ва зиёдаравӣ накунем».