Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 13.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ баргузор шуд.
Дар машварат Сарвазир, муовини якум ва муовинони Сарвазир, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти қудратии мамлакат иштирок намуданд.
Зимни машварати корӣ масъалаҳои вобаста ба омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли 2017 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бо ҷалби таваҷҷуҳи ҳозирин ба муҳиммияти масъалаҳои рӯзномаи кори машварат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомали Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти Шӯроҳо ва комиссияҳои давлатию ҳукуматӣ, хусусан дар бахшҳои иқтисодӣ ва татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба масъулони дахлдор дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Масъалаҳои дигари тақвияти тадбирҳои ободонию созандагӣ ва таъмини бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ низ дар кори маҷлис баррасӣ шуда, роҳбарони вазорату идораҳо бобати таъмини саривақтии амнияти озуқаворӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои таъиноти кишоварзӣ, иҷрои нишондиҳандаҳои барномаю нақшаҳои соҳаи кишоварзӣ, кишти такрорӣ, ҷамъоварӣ ва захираю нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ бахусус меваю сабзавот, ғалладонагиҳо ва хӯроки чорво вазифадор гардиданд.
Аз иштирокчиёни машварат таъмини иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва истифодаи самараноки боғу марказҳои фарҳангию фароғатӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва дигар биною иншооти истироҳатию солимгардонӣ талаб карда шуд.
Дар анҷоми машварати корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти қудратӣ барои ҳалли саривақтии арзу шикоятҳои мардум дархосту муроҷиатҳои онҳо, наздикии бештар ба аҳолӣ, риояи ҳатмии муқаррароти қонунгузории мамлакат, таъмини фаъолияти муназзами марказу муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, истироҳатгоҳҳо ва иншооти варзишию солимгардонӣ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.








Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






