Муовини Сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Июнь 20, 2017 09:32

ДУШАНБЕ, 20.06.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон   таҳти роҳбарии муовини  Сарвазири ин кишвар Улуғбек  Розуқулов  ба Тоҷикистон ташриф овард. Меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.

Интизор меравад, ки муовини Сарвазири Ӯзбекистон Улуғбек Розуқулов зимни сафари дурӯзааш ба Душанбе бо муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дигар намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон вохӯрда,  масъалаҳои тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро байни ду кишвар матраҳ намоянд.

DSC_0286Инчунин дар Душанбе бо иштироки доираҳои соҳибкории  Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамоиши доираҳои тиҷоратии ҳар ду кишвар баргузор гардида, санадҳои ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расид.

Ҳамзамон дар назар аст, ки ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири  ин кишвар Улуғбек Розуқулов  аз Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  «Кохи Наврӯз»  ва макони сохтмони Маркази   савдои автомобилии  фурӯши истеҳсолоти «Узавтосаноат»  ширкати «Лесинвест» боздид намоянд.

 

 

 

Июнь 20, 2017 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд