Ҷоми КФО-2017: «Истиқлол» бар «Олтин Асир»-и Туркманистон ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 01.06.2017 /АМИТ«Ховар»/. Шоми дирӯз дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон дар бозии даври охирини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё -2017 дар майдони худ бар дастаи «Олтин Асир»-и Ашқобод, қаҳрамони секаратаи Туркманистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Бояд зикр кард, ки бозии даври охирини гурӯҳи «D» миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Олтин Асир» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳузури 9000 тамошобин сурат гирифт. Дар ин вохӯрӣ голи ягонаро Дилшод Восиев дар дақиқаҳои иловагӣ ба ҳадаф расонд.
Ҳарду даста лаҳзаҳои фаровони голзанӣ доштанд. Дар дақиқаҳои охири нимаи аввали бозӣ тӯб ду бор баъди зарбаи бозингарони туркман ба сутуни дарвоза бархӯрд. Дар дақиқаҳои аввали нимаи дуюми бозӣ бозингарони «Истиқлол» низ ду бор имкони кушодани ҳисобро аз даст доданд.
Хотиррасон менамоем, ки дар бозии дигари даври охирини сабқати гурӯҳи «D» 31 май ду дастаи Қирғизистон — «Олой»-и Ӯш ва «Дордой»-и Бишкек бо ҳам рақобат карданд. Ин бозӣ бо пирӯзии дастаи мизбон «Олой», қаҳрамони Қирғизистон бо ҳисоби 5:4 хотима ёфт.
Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷагирии мусобиқа дар гурӯҳи «D» дастаи «Истиқлол» бо 16 имтиёз ғолиб шуд. Футболбозони тоҷик таҳти роҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев дар панҷ бозӣ ғалаба карда, як бозиро бо «Олтин Асир» дар меҳмонӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом доданд.
Дастаи «Олтин Асир» бо 13 имтиёз дар мақоми дуюм қарор гирифт. Дастаҳои «Дордой» ва «Олой» бо сеимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои сеюму чорумро ишғол карданд. Ба ин тартиб, бар асоси дастури мусобиқа ғолиби минтақаи Осиёи марказии Ҷоми АFC-2017- «Истиқлол», қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон ба ҳаққи ширкат дар даври баъдии Ҷоми AFC мушарраф гардид.
Ёдовар мешавем, ки қуръакашии даврҳои нимфиналии минтақавии байналмилалии Ҷоми AFC-2017 рӯзи 6 июн дар пойтахти Малайзия- шаҳри Куала-Лумпур барпо мегардад.
Бозиҳои аввали ин марҳилаи мусобиқа 22-23 август, бозиҳои ҷавобӣ 12-13 сентябр баргузор мешаванд.








Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид






