Раиси шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳои Барномаро оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тасдиқ намуд
ДУШАНБЕ, 01.06.2017 /АМИТ«Ховар»/. Нақшаи чорабиниҳои асосии иҷрои Барномаи соҳавӣ оид ба амалигардонии Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020 дар шаҳри Душанбе тасдиқ карда шуд. Қарор оид ба тасдиқи нақшаи мазкур 31 май аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Тибқи Қарори қабулгардида раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шуъбаҳои ҳуқуқ, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маориф, раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, тандурустӣ, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, аз натиҷааш ҳар сол то 1 декабр ба Раиси шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намоянд.








«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд






