Ширкати «ТВЕА» дар пойтахти мамлакат як муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд менамояд
ДУШАНБЕ, 28.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳайати намояндагони ширкати «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Мардумии Чинро таҳти роҳбарии Раиси ширкат Чжан Син ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба рушду ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сохторҳои марбутаи ширкати мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, маҳаки асосии гуфтушунидро татбиқи лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ дар шаҳри Душанбе ташкил дод.
Ширкати «ТВЕА» тасмим гирифт, ки ояндаи наздик дар пойтахти мамлакат як муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд намояд.
Дар вохӯрӣ дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла бунёди намояндагии ширкат дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Хотиррасон менамоем, ки саҳми ширкати «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар таҳким ва густариши муносибатҳои Тоҷикистону Чин, бахусус дар бунёд ва сохтмони як силсила иншооти соҳаи энергетика назаррас аст.
Аз ҷумла, ширкати мазкур дар сохтмони Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ва бунёди мактаби таҳсилоти умумӣ бо 1200 ҷойи нишаст дар ноҳияи Сино саҳмгузорӣ намудааст.
Ҳамчунин, бо шарофати ҳамкории мутақобилан судманд бо ширкати «ТВЕА» дар Тоҷикистон ҳалқаи ягонаи энергетикӣ бунёд гардида, интиқоли гармӣ ба маҳаллаҳои аҳолинишини Душанбе ба роҳ монда шудааст.








«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






