«Сомон Эйр» сарпарасти кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд

Июнь 21, 2017 13:44

ДУШАНБЕ, 21.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе маросими баимзорасонии Меморандум оид ба  ҳамкорӣ байни ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид. Тибқи санади мазкур, аз ин баъд ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳамчун сарпарасти кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон баромад мекунад.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти ин ширкат хабар доданд, дар маросими баимзорасӣ Директори тиҷоратии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев  зикр намуд: «Рушди варзиш барои такмили маънавӣ ва ҷисмонии ҳар як шахс ва шаҳрванд яке аз омилҳои муҳим ба ҳисоб меравад. «Сомон Эйр» дар ин самт кўшиш мекунад, ки саҳми худро гузорад. Ин иқдом на танҳо барои «Сомон Эйр» ва Федератсияи футбол, балки барои рушди соҳаи варзиш низ манфиатнок хоҳад буд».

Зикр гардид, ки   ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» борҳо дар гузаронидани чорабиниҳои варзишии сатҳи маҳаллӣ ва байналмилалӣ ҳамчун сарпараст баромад намудааст.

 

 

Июнь 21, 2017 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид