Тоҷикистон бори нахуст зинаи аввали Ҷоми гӯштини камарбандии ҷаҳонро ишғол намуд

Июнь 9, 2017 16:00

ДУШАНБЕ, 9.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон дар шаҳри Оренбурги Россия дастаи мунтахаби гӯштини камарбандӣ (кураш)-и Тоҷикистон зинаи аввалро ишғол намуда, аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа 54 имтиёз ба даст овард. Дар ин бора аз Федератсияи гӯштини камарбандии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бояд зикр кард, ки ду  варзишгари тоҷик — Муҳаммадғуфрон Тошзода дар вазни то 68 кило ва Достон Почоев дар вазни то 90 кило ба дарёфти медалҳои тиллои мусобиқа шарафёб гардиданд.

Чор варзишгари дигари тоҷик — Самандар Эрназаров (вазни беш аз 100 кг), Абдураҳмон Маматқулов (то 100 кг), Рӯзибой Сафаров (то 82 кг) ва Абӯэҳсон Ашӯрзода (то 75 кг)  бо медалҳои биринҷӣ  сарфароз гаштанд.

Тавре раиси Федератсияи гӯштини камарбандии Тоҷикистон Анвар Қосимов хабар дод, ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз 8 варзишгар, мураббӣ ва ду довар иборат буд. «Дар ҳисоби умумидаставӣ Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи худ зинаи аввали Ҷоми гӯштини камарбандии ҷаҳонро ишғол намуд», -иброз дошт ӯ.

Акнун варзишгарони мо ба ду мусобиқаи пурнуфузи дигар — Чемпионати ҷаҳон, ки моҳи июл дар Қазоқистон доир мегардад ва Бозиҳои 5-уми Осиё дар биноҳо (17-27 сентябр) омодагӣ мегиранд».

Июнь 9, 2017 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад