ВКД Тоҷикистон ҳушдор медиҳад: дар интернет вируси тахрибкор бо номи «Petya» паҳн гардидааст

Июнь 29, 2017 16:42

ДУШАНБЕ, 29.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки дар шабакаи интернет боз як вируси тахрибкор бо номи «Petya» паҳн гардидааст, — омадааст дар иттилоияи паҳннамудаи сомонаи расмии ВКД ҶТ.

Тибқи иттилои мазкур, тарзи паҳнкунии он дар шабакаи интернетӣ ба монанди вируси «WannaCry» мебошад.

Дар робита ба ин ВКД ҳушдор медиҳад: «Усули ҳифзи аз ҳама оддитарин аз вируси «Petya» ва дигар вирусҳои ҳаммонанд  ҷавоб надодан ва накушодани мактубҳои шубҳанок аз ҷониби шахсони ношинос мебошад. Дар ҳолати пайдо шудани чунин мактуб фавран онро тоза (удалить) намоед. Бодиққат бошед, windows ва таъмини барномаҳои зиддивирусиро (антивирусное ПО) навсозӣ намоед!».

Ёдовар мешавем, ки вируси нав рӯзи душанбе фаъол шуда, аввал ба компютерҳои Украина ҳамла кардааст. «Вируси мазкур баробари боз кардани компютерҳо дастрасӣ ба файлҳоро манъ карда, бар ивазаш аз соҳиби компютер 300 доллар «биткойн» талаб мекунад»,- иттилоъ медиҳад «РИА Новости» бо истинод ба ширкати «Group-IB. Ҳамла соати 11:00 (ба вақти Москва) оғоз шуда, то соати 18:00 аллакай ба биткоин-кашелёкҳои муқаррарнамуда нӯҳ интиқоли пул сурат гирифтааст. Бо назардошти комиссия нафарони зарардида ба хакерон 2,7 ҳазор доллар интиқол додаанд.

Аз рӯи маълумоти ширкати зиддивирусии ESET, аз ин вирус аз ҳама бештар Украина, пасон Италия ва Изроил зарар дидаанд. Ба кишварҳои даҳгонаи зарардида – Сербия, Венгрия, Руминия, Полша, Аргентина, Чехия ва Германия шомиланд. Россия дар ин рӯйхат дар ҷойи 14-ум аст.

Июнь 29, 2017 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид