30 ИЮЛ – РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ: намояндагони «касби оташин» иди худро таҷлил мекунанд! (Гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни кори оташнишонон)

Июль 30, 2017 08:00

ДУШАНБЕ, 30.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 30 июл намояндагони   Хадамоти сӯхторхомӯшкунии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иди касбии худро   таҷлил менамоянд.

Оташнишонӣ аз зумраи камтарин касбҳоест, ки аз  соҳибкасб қаҳрамониву корнамоӣ ва нотарсиву далерӣ талаб мекунад. Намояндагони ин касб инсонҳоеянд, ки ҳамарӯза баҳри наҷоти ҷону амволи дигарон ҳаёту саломатии хешро зери хатар гузошта, бо оташ ҳамвора дар набарданд.

Имсол кормандони Хадамот рӯзи таъсис ва 89-умин солгарди онро бо натиҷаҳои назаррас таҷлил менамоянд. Новобаста ба рӯзи идашон онҳо дар ҷойи кор ҳозир буда, тамоми шабонарӯз дар хизмати мардуманд. Дар арафаи таҷлили ин ҷашн хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва яке аз қисмҳои оташнишонии пойтахт дидан намуда, бо касби душвору пурхатар, вале дар айни ҳол фаъолияти пур аз корнамоиву қаҳрамониҳои назарраси оташнишонон аз наздик ошно гашт.  

Рўзи кории қисми оташнишонии №5-и ноҳияи Сино-1, шаҳри Душанбе  аз соати 8 субҳ оғоз меёбад. Дар ин вақт  гурўҳҳои корӣ   яке навбатдории худро супорида, дигаре ба кори худ шурӯъ мекунанд.  Гурўҳи кории кормандони оташнишонӣ аз 8-10 нафар иборат мебошад. Дар ин қисми оташнишонӣ 2 гурўҳи навбатдор ҳамарўза ба кор ҳозиранд.

Pazharnik-_1«Дар маҷмўъ кормандони мо ҳама ҷавонон буда, онҳоеянд, ки таҳсили касбӣ дидаву дар ҳолати омодагии хуби ҷисмонӣ қарор доранд. Онҳо кўшиш ба харҷ медиҳанд, то аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна вазифаҳои дар пешашон гузошташуда сарбаландона бароянд»,- зикр намуд, нозири калони гурӯҳи ташвиқотиву тарғиботии Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе Шуҳратҷон Ғафуров.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи зангҳоеро, ки ба рақами  «01» мерасанд,    навбатдорони қисмҳо қабул мекунанд. Навбатдор баъди қабули занг муайян месозад, ки кӣ занг зад, чӣ ҳодиса ва дар куҷо рух додааст. Шумораи зангҳои ба қисми навбатдорӣ воридшуда аз рўзҳои истироҳатӣ, рўзҳои ҷашнӣ ва мавсими сол вобаста аст. «Вақте хабари сар задани сӯхтор аз ҷониби кормандони Хадамоти отшанишонӣ қабул ва суроғаву макони муайяни он дақиқ карда мешавад, навбатдорони оташнишонӣ бояд дар зарфи камтарин фурсат либосҳои махсуси худро ба бар намуда, пас аз он таъҷилан ба мошини сӯхторхомӯшкунӣ нишинанд ва  ба макони сӯхтор равон шаванд.  Ҷараёни ин кор  набояд вақти зиёдеро дарбар гирад. Ҳар қадар, ки нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ барвақттар ба ҷойи ҳодиса ҳозир шавад, ҳамон қадар метавон ҳаёти шумораи зиёди одамон ва молу мулки онҳоро наҷот дод. Пас аз хомӯш намудани ҳодиса сабабҳои сар задани сӯхтор ва зарари аз он расида муайян карда мешаванд»,- изҳор дошт Шуҳратҷон Ғафуров.

Аксаран ҳодисаҳои сӯхтор дар ҳудуди пойтахт аз беаҳамиятии шаҳрвандон ва тарзи нодуруст истифода бурдани ҳар гуна таҷҳизоти барқӣ сар мезананд. Аз меъёр зиёд гармшавии ҳаво ва истифодаи барзиёди қувваи барқ тариқи таҷҳизоти сардкунанда дар хонаҳои истиқоматӣ ба сар задани ҳар гуна ҳодисаҳои нохуши сӯхтор оварда мерасонад. Ҳамчунин, ба гуфтаи Шуҳратҷон Ғафуров, сол то сол ҳаракат дар роҳҳои пойтахт мушкилтар мегардад,  торафт бештар шудани шумораи мошинҳо дар пойтахт, ки ба танбашавӣ дар роҳҳо оварда мерасонад, кори сўхторхомӯшкунонро мушкил кардааст. Зеро ҳангоми қабули хабари сўхтор аз сабаби танбашавии зиёд дар роҳҳо ба хотири таъҷилан ба ҷойи ҳодиса расидан маҷбур мешавӣ баъзе қоидаҳои роҳро вайрон намоӣ.

Ба гуфтаи кормандони сӯхторхомӯшкунӣ, аксаран гузоштани нақлиёти шахсӣ аз ҷониби  истиқоматкунандагони биноҳои баландошёна дар назди биноҳои истиқоматӣ ҳангоми сар задани сӯхтор боиси эҷоди ҳар гуна монеаҳо зимни кори мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ мешавад, ки намегузоранд нақлиёти оташнишонӣ тезтару зудтар ба ҷойи ҳодиса расида, сӯхторро бартараф намоянд.

Бинобар маълумоти расмӣ, дар ҷумҳурӣ тайи шаш моҳи авали соли равон 597 ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки дар натиҷа 14 нафар одамон фавтида, 20 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Маблағи зарар қариб 4 миллион сомониро ташкил дода, ба маблағи беш аз 140 миллион сомонӣ молу мулки шаҳрвандон аз сӯхтор эмин нигоҳ дошта шудааст.

Ilhom-NazarzodaБа гуфтаи сардори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе Илҳом Назарзода, Раёсати номбурда яке аз субъектҳои асосии таъминкунандаи бехатарӣ аз сӯхтор дар пойтахти кишварамон ба шумор рафта, тавассути мутахассисони варзидаи худ ва техникаву таҷҳизоти муосире, ки дар ихтиёр дорад, корҳои фаҳмондадиҳиву пешгирикунандаро ба роҳ монда, дар бозору марказҳои савдо, муассисаҳои таълимӣ, вазорату кумитаҳо, ташкилоту идораҳои давлативу ҷамъиятӣ машғулиятҳои амалӣ имегузаронад ва  шаҳрвандонро бо қоидаҳои бехатарӣ ва пешгирии  сӯхтор шинос менамояд.

Ба суоли он, ки барои ба кор қабул кардани кормандон ба Хадамоти оташнишонӣ чӣ гуна талабот мавҷуданд, ӯ ҷавоб дод, ки номзад бояд бар замми адои хизмати ҳарбӣ дар Артиши миллӣ, инчунин дар факултаи «Бехатарӣ аз сӯхтор»-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил карда бошад. «Пас аз он ки мо номзадро ба кор қабул мекунем, ӯ инчунин тӯли 3 моҳ дар қисми оташнишонӣ такмили ихтисос намуда, дониши дар ин самт доштаашро боз ҳам мукаммалтар месозад»,- изҳор дошт Илҳом Назарзода.

Шиносоии мо аз тамошои таҷҳизоти сӯхторхомӯшкунӣ ва махсусиятҳои кори як нафар оташнишон оғоз ёфт. Нахуст мо бо мошинҳои оташнишонӣ ошно гаштем. Кормандони қисми мазкур таҳти роҳбарии нозири калони гурӯҳи ташвиқотиву тарғиботии Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе Шуҳратҷон Ғафуров моро бо ду нақлиёти оташнишонии «Дулан» бо ғунҷоиши 40 тонна об ва 2 тонна кафк шинос намуданд. Маълум шуд, ки ин мошинҳо на ҳамеша истифода бурда мешаванд. Онҳоро танҳо дар сурати ба амал омадани сӯхтор дар биноҳои 4-ошёна ва аз он  баландтар истифода мекунанд.

«Дар пойтахт сохтмони биноҳои баландошёна афзудааст. Аз ин рӯ мо тасмим гирифтем, то нақлиёти оташнишонии дорои нордбонҳои худкори 30-метраро  соҳиб шавем. Агар мо нордбонҳои аз ин ҳам баландтарро харем, ин имкон медиҳад, ки  сӯхтор дар биноҳои баландтарин низ ба зудӣ хомӯш карда шавад. Айни замон мо бо намояндагони Федератсияи Россия барои ба даст овардани ин гуна нақлиёт, ки дарозии нордбонҳояш 60 метрро ташкил медиҳад, гуфтушунид дорем»,- зикр намуд Шуҳратҷон Ғафуров.

Мавсуф аз нозукиҳои ин касб ба мо маълумот дода, тарзи дурусти либоспӯшӣ, худро бо техникаҳои махсуси оташнишонӣ таҷҳизонидан ва  кор кардан бо обпоши сӯхторхомушкуниро  нишон дод. Ҳарчанд ҷуръат накардем, ки ба  нордбонҳои 30-метра боло бароем, аммо имкони   об пошиданро бо обпоши оташнишонӣ аз даст надодем. Қаблан суоли нофаҳмо дар андешаи мо ин буд, ки чаро дар бархе сӯхторҳо кафк ва дар бархеи дигар обро истифода мебаранд. Шуҳратҷон зикр  намуд, ки дар бештари ҳолатҳо агар сӯхтор аз расиши қувваи барқ ба амал омада бошад, хомӯш кардани он бо об хатарноктар аст ва онро бо кафк хомӯш мекунанд. Обро дар сӯхторҳое, ки ин хатар таҳдид намекунад, истифода мебаранд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе 6 қисми оташнишонӣ ва 6 дидбонгоҳ оид ба пешгирии сар задани сӯхторҳо амал мекунанд. Дар Раёсати мазкур 384 корманд фаъолият доранд, ки аз онҳо 117 нафарашон афсарон ва 50 нафарашон бонувон мебошанд.

Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсат тавонистааст бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, соҳиби техникаву таҷҳизоти замонавӣ гардад.    Оташнишонҳои пойтахт ҳоло бо навтарин воситаҳои иртиботии «Кенвуд» ва «Моторолла» таъмин мебошанд.

Бояд гуфт, ки хадамоти оташнишонии Душанбе таърихи тӯлонӣ дорад.  Аввалин дастаи оташнишонӣ дар  пойтахти Тоҷикистон  1 апрели соли 1929 дар асоси Қарори Шӯрои шаҳрии вакилону коргарон ва аскарони сурх таъсис дода шуда буд, ки аз 10 нафар сӯхторнишонҳо иборат буда, аввалин ташкилотчии он Фёдор Зайтсев маҳсуб меёбад. Он айём дастаи оташнишонӣ барои хомӯш намудани сӯхторҳо бо аробаи аспӣ мебаромад, ки бо насоси тамғаи «Ҷеленч», ду зарфи обдор, 180 метр рӯдаи оташнишонӣ ҷиҳозонида шуда буд…

Шаҳлои САДРИДДИН

Июль 30, 2017 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд
Суғуртаи автомобилӣ ба тариқи онлайн: зуд ва ба даст овардани 10 фоиз маблағи сарфкарда
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Алишер Идизода муовини якуми раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
Аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳо дар пиряхи Зарафшон экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронида шуд