8 июл — Рӯзи маъюбон ва пиронсолон. Ҳифзи иҷтимоии маъюбон аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ба ҳисоб меравад
ДУШАНБЕ, 08.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 8 июл ҳамчун Рӯзи маъюбон ва пиронсолон ҷашн гирифта мешавад. Сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Қурбонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Ба гуфтаи Қудратулло Қурбонов, аз замони ба даст овардани Истиқлолият то имрӯз тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст. Соли 2016 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017- 2020» таҳия ва қабул гардид, ки мақсади асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои маъюбон, беҳтар намудани вазъи тандурустӣ ва солимгардонии онҳо мебошад.
«Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ба оилаҳое, ки 2 нафар ва зиёда аз он маъюб доранд ва ба маъюбоне, ки ба воситаҳои тавонбахшии маъюбӣ ва воситаҳои ёрирасони техникӣ эҳтиёҷ доранд, воситаҳои протезию ортопедӣ, маҳсулотҳои тавонбахшӣ, асобағал ва аробачаҳои маъюбӣ харидорӣ шуда, тақдим карда мешаванд», -гуфт Қудратулло Қурбонов.
Илова бар ин муовини Раиси Ташкилоти ҷамъиятии маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» Абдулҳақ Асоев иброз дошт, ки имрӯзҳо шароити будубоши маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдуд хеле хуб буда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дастгирӣ меёбанд. Ба иттилои номбурда, Ташкилоти ҷамъиятии маъюбони шаҳри Душанбе соли 1989 таъсис ёфта, ҳадафи аслии он ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони имконияташон маҳдуд мебошад.
Бино ба маълумоти Абдулҳақ Асоев, дар Ташкилоти «Имконият» наздики 7 ҳазор аъзо ба қайд гирифта шудаанд.
Тибқи иттилои Сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар Тоҷикистон 150 ҳазор шахсони имконияташон маҳдуд ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 25 ҳазор нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд.
Тавре масулин хабар доданд, имсол ҳам чун солҳои пешин бахшида ба Рӯзи маъюбон аз 6 то 8 июл дар тамоми марказҳое, ки дар онҳо шахсони имконияташон маҳдуд нигоҳубин карда мешаванд, барномаҳои фарҳангӣ ва варзишӣ доир гардида, дастархони идона густурда мешавад.








Дар ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи ҷамъоварии пахта 101 фоиз иҷро гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
«ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Институти астрофизика дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Бастаҳои интернетии «Одӣ»: осон, мувофиқ, муфид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Вобаста ба нақши Пешвои миллат дар рушди илму маориф ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
«Эмомалӣ Раҳмон – кафили субот ва пойдории истиқлоли давлатӣ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ZET-MOBILE рушди 5G-ро идома медиҳад: истгоҳҳои нави базавӣ ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар ноҳияи Шаҳринав бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд






