АБДУҶАББОР РАҲМОНЗОДА: «ДАР ҲАМА КОР НИЗОМ ДАРКОР». (Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» — дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарони вазорату идораҳо ва аҳли ҷомеа)

Июль 14, 2017 15:38

ДУШАНБЕ,14.07.2017./АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо иштироки сарварони вазорату идораҳои мамлакат маҷлиси корӣ доир гардид, ки дар он паҳлӯҳои гуногуни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии мамлакат ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди омӯзиш ва таҳлилу баррасии ҷиддӣ қарор гирифтанд.
Тавре Абдуҷаббор Раҳмонзода зикр намуд, лоиҳаи қонуни мазкурро, ки дар дигар кишварҳо то ҳол амсоли худро надорад, даҳ сол муқаддам худи Пешвои миллат бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуда буданд ва он аз ҷониби парлумони мамлакат қабул карда шуд. «Зарурияти қабули ин қонуни воқеан миллиро Ҷаноби Олӣ дар мулоқот баён доштанд ва гуфтанд, ки тайи даҳсолаҳои охир бо пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ва вусъат гирифтани тарғиботи зарарнок тавассути баъзе шабакаҳои интернет дар кишвар зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, бахусус, расму ойинҳои миллӣ ва ҳатто тарзи либоспӯшии мардуми мо, аз ҷумла занон торафт қувват гирифта, таассубу зиёдаравӣ ҳангоми баргузории як қатор маросиму маъракаҳо ба ҳукми анъана даромада буд. Бо таъсири чунин раванд дар минтақаҳои гуногуни кишвар маъракаҳои сохтаву бофтаи ба фарҳангу мазҳаби мо бегона зиндагии табақаҳои камбизоатро, ки бе ин ҳам мушкилиҳои зиёд доштанд, вазнинтар гардониданд», — иброз дошт А. Раҳмонзода. Ӯ изҳори қаноатмандӣ кард, ки қабули қонун ба ҳайси яке аз иқдомоти муҳимтарин ва таърихӣ дар роҳи эҳё, ҳифз ва рушди анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳимми аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом даровард.
Абдуҷаббор Раҳмонзода бо истинод ба нуктаҳои муҳими суханронии Пешвои миллат аз натиҷаҳои мусбати татбиқи қонун ёдовар шуда, ҳамзамон чунин баён дошт: «Тавре Сарвари давлат дар суханрониашон зикр намуданд, мутаассифона, ҳолатҳои пурдабдаба гузаронидани тӯю маъракаҳо ва хароҷоти бемаврид дар мамлакат ҳанӯз пурра аз байн нарафта, баъзе шаҳрвандон ҳанӯз ҳам расму ойинҳоро ҳамчун воситаи худнамоиву шуҳратпарастӣ истифода менамоянд, ки чунин рафтор бо табиати фарҳанги мардуми мо бегона ва мухолифи қонун мебошад. Ҳанӯз ҳолатҳои нанговари беэҳтиромӣ ба расму оин, забон ва дигар муқаддасоти миллӣ ва бегонапарастӣ, махсусан дар сару либоси занону духтарон ба мушоҳида мерасанд. Ҳанӯз риояи санади мазкур аз ҷониби як қатор мақомоти дахлдор дуруст назорат нагардида, дар ин самт баъзе камбудиҳо ошкор шудаанд».
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор таъкид намуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт чораҳои мушаххас ва таъхирнопазир андешанд. Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ба таваҷҷӯҳи тамоми қишрҳои ҷомеа расонидани аҳамият ва моҳияти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва паҳлӯҳои гуногуни суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар ба муносибати 10-солагии қабули ин санади муҳими меъёрии ҳуқуқӣ гуруҳҳои корӣ таъсис дода мешаванд. «Мардум бояд фаҳманд ва хуб дарк кунанд, ки дар ҳама кор, дар ҳама соҳаҳои рӯзгор низому тартибот лозим аст, то ки мардум дар зиндагиашон роҳату рафоҳият дошта бошанд», — изҳор намуд А. Раҳмонзода.
Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамчунин иброз намуд, ки Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, иттифоқҳои эҷодӣ барои эҷоди асарҳои замонавӣ ва муассир дар мавзуҳои расму оини мардумӣ ва зарурияти танзими онҳо, гиромидошти забони давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, зиёни хурофот ва бегонапарастӣ ва ғайра ташаббуси бештар нишон диҳанд.
Ба роҳбарони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла ВАО-и маҳаллӣ супориш дода шуд, ки матни Қонун ва суханронии Сарвари давлатро дарҷ ва паҳн намуда, андешаҳо ва пешниҳоди сокинони ҷумҳуриро ҷамъоварӣ ва ба Комиссияи ҳукуматӣ, ки таҳти сарварии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода ҷиҳати даровардани тағйироту иловаҳо бо қонунгузории ҷории мамлакат таъсис дода шудааст, пешниҳод намоянд.

Июль 14, 2017 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Шуурнокии ҳуқуқии миллат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари нуфузи он дар ҷаҳони муосир аст
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори ИДМ доир мешавад
ҲУШДОР! 10-12 май тағйирёбии вазъи ҳаво ва офатҳои табиии эҳтимолӣ дар назар аст
Ба иштирокчиён ва маъюбони ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Дар минтақаи Кӯлоб оид ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирии хурофотпарастӣ ҷаласа доир гардид
«ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ». Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сарбозони аз қисмҳои ҳарбӣ баргаштаро пешвоз мегирад
Дар якчанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бар асари бориши шадид сел ба амал омад
МАСИРИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ. Андешаҳои Абдураҳим Шоҳиён дар робита ба ин мавзуъ
«ВАТАН-ШУКУҲАТ ПОБАРҶО». Дар Тоҷикистон озмуни қироати шеър ва маҳорати суханварӣ бо забонҳои хориҷӣ баргузор мегардад
Дар Душанбе масъалаи амалишавии гранти Хазинаи глобалӣ баррасӣ гардид
Барои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда занону духтарони болаёқат ба забономӯзӣ ҷалб гардидаанд
Дар се моҳи соли 2024 дар ноҳияи Балҷувон 87 нафар ба нафақа баромаданд