Агентии омор: дар Тоҷикистон 80 нафар шаҳрвандони синнашон аз 100-сола боло зиндагӣ мекунанд

Июль 27, 2017 12:05

ДУШАНБЕ, 27.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар»  оид ба натиҷаҳои фаъолияти хеш дар шаш моҳи  соли 2017  бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор  намуд.

Дар нишасти хабарӣ  директори Агентии омор Гулнора Ҳасанзода   маълумоти мухтасарро дар бораи фаъолияти нимсолаи сохтори мазкур  пешниҳод намуда, зимни посух ба суолҳои хабарнигорон зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мақомоти омор натиҷаҳои се тадқиқоти якдафъаинаи оморӣ, аз ҷумла таҳқиқоти «Қувваҳои корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Истифодабарандагони об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Маржаи савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст карда шуданд.

Гулнора Ҳасанзода ҳамчунин иттилоъ дод, ки тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи сохторҳои марбута  дар ҷумҳурӣ  теъдоди  таваллуду фавти модару кӯдак ва  ба муҳоҷирати  меҳнатӣ рафтани шаҳрвандон дар муқоиса ба солҳои пешин коҳиш ёфтааст.

Дар нишаст ҳамчунин таъкид гардид, ки тибқи маълумоти омори расмӣ, дар давраи ҳисоботӣ истихроҷи ангишт, истеҳсоли намаки ошӣ, гӯшт, ҳасиб, панири равғанин, маҳсулоти шири холис, консерваҳо, маҳсулоти қаннодӣ, макаронӣ, равғани растанӣ, спирти этили хом, риштаи пахтагин, газворҳо, қолин, маснуоти ҷӯробу пайпоқ, пойафзол,  битум, семент, гаҷ, истеҳсоли неруи барқ, қувваи ҳароратӣ ва ғайраҳо  афзоиш ёфта, истеҳсоли нахи пахта, бензин, асфалт, собуни хоҷагӣ, оҳаки бинокорӣ, бетони молӣ, оҳану бетони васлшаванда, лампаҳои каммасраф, чароғҳои светоидӣ, трансфарматорҳо, истихроҷи ангишти бӯр, газ, нафт, маводи ғайримаъдании бинокорӣ  ва ғайраҳо кам гардидааст.

Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин таъкид гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2017 тибқи нақшаи корҳои маҷмӯӣ  аз ҷониби мақомоти маҳаллии омор 1072 санҷиши эътимоднокии маълумоти оморӣ гузаронида шуда, дар натиҷа нисбат ба 676 нафар шахсони масъули корхонаву  муассисаҳо ба маблағи умумии 238, 6 ҳазор сомонӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ҷарима таъйин карда шуд.

Дар нишасти хабарӣ хамчунин иттилоъ дода шуд, ки шумораи шаҳрвандони аз 100-сола боло  дар ҷумҳурӣ 80 нафар буда, 50 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Июль 27, 2017 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Шаҳри Хоруғ дар даври вилоятии ин озмун сазовори Шоҳҷоиза гардид
26 апрел даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — ниҳоди мафкурасоз ва таҳкимбахши худшиносии миллӣ
Дар ноҳияи Айнӣ беморхонаи минтақавӣ бунёд карда мешавад
Таҷрибаи Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар доираи СҲШ муаррифӣ карда шуд
20 АПРЕЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Ин мақомот сиёсати ҳуқуқии давлатро таъмин мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай фаромӯшхотириро кам мекунад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд