Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз тарафи Пешвои миллат
ДУШАНБЕ, 18.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.
Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» ва «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади таҳкими фаъолияти ин мақомот ва мутобиқ намудани ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо тағйиру иловаҳои 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда қабул гардида, ба баланд бардоштани масъулияти аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумати кишвар равона карда шудаанд. Муқаррар шудааст, ки узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб ё таъйин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад. Дар навбати худ ба даст овардани шаҳрвандии давлати дигар барои қатъ гардидани ваколати узви Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумат асос мегардад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» бо мақсади пешгирӣ ва кам кардани таъсири манфӣ ба табиат зимни фаъолияти хоҷагидорӣ қабул гардида, тартиби арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, баҳисобгирӣ ва таснифи объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатиро дар ин соҳа муайян мекунад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии сайёҳии дохилиро муайян намуда, барои фароҳам овардани шароит ба рушди соҳа нигаронида шудааст.
Дар Қонун низоми сайёҳии дохилӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии давлатии рушди соҳа, тартиби ташкили хизматрасонӣ дар соҳаи туризми дохилӣ, салоҳияти мақомоти давлатӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои субъектҳои хизматрасонӣ ва сайёҳон, ҳамкориҳои байналмилалии соҳа ва дигар паҳлуҳои он танзим гардидааст.
Қонунҳои ба имзорасида ба пойдории сулҳу ваҳдат, ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа равона карда шудаанд.
Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.








Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд






