Ба Тоҷикистон бештар аз Россия, Беларус ва Туркманистон шакару равған ворид карда шудааст

Июль 27, 2017 15:19

ДУШАНБЕ, 27.07.2017/АМИТ «Ховар»/.  Ба Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон  беш аз 50 ҳазор тонна шакар асосан аз Россия ва Беларус ворид карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,5 ҳазор тонна  ё  беш аз 18 фоиз зиёд мебошад. Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 июл дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки воридот дар бозори молӣ наздик ба 52 фоиз ба Федератсияи Россия ва беш аз 23 фоиз ба Ҷумҳурии Беларус рост меояд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки дар ин давра воридоти шакар дар минтақаҳои кишварамон аз ҷумла,  беш аз 87 фоиз ба вилояти Суғд, зиёда  аз 11 фоиз ба вилояти Хатлон ва 1,2 фоиз ба пойтахти кишварамон- шаҳри Душанбе рост меояд. Дар бозорҳои кишварамон дар ин давра нархи миёнаи фурӯши як кг  шакар  аз  7  то 8 сомонӣ ба роҳ монда шуда буд.

Инчунин дар зарфи шаш моҳи соли равон воридоти равғани растанӣ ба Тоҷикистон, ки яке маҳсулоти аввалиндараҷа барои аҳолии  кишварамон маҳсуб мешавад, 10,5 ҳазор тонна ё 20 фоиз афзудааст.  Дар нимсолаи аввали соли 2017 ба Тоҷикистон бештар аз Россия ва Туркманистон равғани растанӣ ворид гардидааст. Ҳиссаи Россия дар воридоти  равған ба Тоҷикистон  беш аз 80 фоиз ва Туркманистон наздик ба 10 фоизро ташкил дода,  7,9 фоизи равғани растании воридотӣ ба Тоҷикистон  ба дигар кишварҳо рост меояд.

Зикр шуд, ки дар ин давра нархи миёнаи фурӯши  равғани растанӣ  дар бозорҳои ҷумҳурӣ аз 10 то 13 сомониро ташкил дод.

 

Июль 27, 2017 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд