Дар Чемпионати Осиё оид ба каратэ-до 23 нафар варзишгарони Тоҷикистон ширкат мекунанд

Июль 10, 2017 15:32

ДУШАНБЕ, 10.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Тоҷикистонро дар 14-умин чемпионати Осиё оид ба каратэ-до миёни калонсолон ва 16-умин чемпионати Осиё оид ба каратэ-до миёни наврасон ва ҷавонон 23 варзишгар намояндагӣ мекунанд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии кишвар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин мусобиқа аз 13 то 16 июл дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон доир мегардад ва варзишгарони мо барои 70 маҷмӯи медалҳо рақобат мекунанд.

Бояд  зикр кард, ки дар  ин мусобиқот  наздики 1000 варзишгар аз давлатҳои қора ширкат мекунанд.

Тибқи иттилои Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон, кишвари  моро  дар ин мусобиқот Сӯҳробҷон Каримов (вазни -52 кило), Аслиддин Акбаров (57 кило), Алишер Қаюмов (70 кило) миёни наврасон; Ҳоҷиқурбон Маҳмадов (55 кило), Муҳаммадёри Ҳикматулло (61 кило), Абдуваҳоб Шарапов (68 кило), Умед Сафаров (76 кило), Нигина Давлатова (55 кило) миёни ҷавонон намояндагӣ хоҳанд кард.

Дар гурӯҳи калонсолон Сайёд Ғафуров (60 кило), Қамар Қамаров (67 кило), Мухторшейх Файзуллоев (84 кило), Муҳайёи Музаффар (50 кило) миёни ҷавонони то 21-сола ва Муҳсин Раҳматов (55 кило), Далер Баротов (60 кило), Раҷаббек Раҳимов (67 кило), Фаррухҷон Раҳимов (75 кило), Бадриддин Умедов (84 кило), Гулосори Сӯҳроб (55 кило), Лола Лиситса (61 кило), Фарангис Баҳромзода (68 кило), Алан Болиев (кумитэи даставӣ), Баҳодурхон Бобохонов (кумитэи даставӣ), Фирӯза Махсудова (+68, ката) зери роҳбарии мураббӣ Муҳаммад Бодаков  ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки каратэ-до варзиши қадимии ҷопониҳо буда, моҳи августи соли 2016 дар Конгресси Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба барномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 ворид карда шуд.

Июль 10, 2017 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммаданис Солиҳов дар Мусобиқаи «Tashkent Grand Prix Cadets 2026» соҳиби медали тилло гардид
Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард