Дар ноҳияи Ашт Фестивали «Бӯстон-2017» баргузор гардид

Июль 21, 2017 10:02

ДУШАНБЕ, 21.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии вилоятии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт даври ноҳиявии Фестивал-озмуни телевизионии ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ «Бӯстон-2017» баргузор гардид.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Фестивали «Бӯстон-2017» бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав байни наврасону ҷавонон аз рӯи шартҳои навозиши асбобҳои мусиқӣ, шеърхонӣ, сурудхонӣ, рақс ва намоиши саҳнаҳои ҳаҷвӣ гузаронида шуд. Аъзои ҳакамон ба маҳорату ҳунарнамоии наврасону ҷавонон баҳои баланд дода, 9 дипломи Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина»-ро ба иштирокдорон тақдим намуданд.

Бояд гуфт, ки Фестивал-озмуни телевизионии ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ «Бӯстон-2017» аз ҷониби Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» роҳандозӣ карда шудааст.

 

Июль 21, 2017 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад