Дар таътили тобистона ба беҳудагардии фарзандон роҳ надиҳед!

Июль 7, 2017 14:47

ДУШАНБЕ, 07.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Душанбе, ки 15 феврали соли ҷорӣ доир гардида буд, ба масъалаи беҳудагардӣ ва афзоиши ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илми ҷумҳурӣ дастур доданд, ки якҷо бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ беҳудагардии ноболиғонро, бахусус дар интернет — кафеҳо пешгирӣ намуда, оид ба ҷалби хонандагон ба зинаи сеюми таҳсил тадбирҳои самаранок андешанд.

Бо ҳамин мақсад Қарори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  «Дар бораи манъ кардани воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона» ба тасвиб расид.

Тибқи қарори мазкур, воридшавӣ ва будубоши ноболиғон дар марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона, ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб намудани онҳо дар чунин ҷойҳо қатъиян манъ гардида, эълони он дар ҷойҳои намоёни ин гуна марказҳо  овехта шудааст. Воридшавии ашхоси ба балоғат расида ба ин гуна ҷойҳо дар асоси шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин мувофиқи ин қарор, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои ноҳиявии он муваззаф гардидаанд, ки ҷиҳати ошкор кардани ҳолатҳои воридшавӣ ва будубоши ноболиғон дар марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона, масъалаи ба ҷавобгарии дахлдори ҳуқуқӣ кашидани падару модари ин гуна ноболиғон ва роҳбарияти марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» нозири калони гурӯҳи матбуотии Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) ВКД ҶТ Абдулло Шоев иттилоъ дод, бо мақсади ошкору пешгирӣ намудани ҳолатҳои ба амалҳои ношоиста даст задани насли наврас кормандони  ХПҲНҶ дар якҷоягӣ бо шуъбаи милитсияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳудуди ин ноҳия чорабиниҳои мақсадноки пешгирикунанда гузарониданд. Аз ҷумла 15 июн дар натиҷаи ин гуна чораандешиҳо аз тарафи кормандони милитсия дар маркази интернет ва бозиҳои компютерии «Патриот», ки дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт фаъолият мекунад, як гурӯҳ хонандагони мактаб ба бозиҳои компютерии хусусияти зӯроваридошта машғул буданд, дастгир ва ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дастрас карда шуданд.

Зимни баргузории ин гуна чорабинии мақсадноки пешгирикунанда, ҳамчунин дар таҳхонаи чойхонаи «Роҳат», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, ки дар он ҷо маркази бозиҳои компютерии «Реал» ҷойгир аст, шумораи зиёди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои №8 ва №52, инчунин муҳассилини Гимназияи «Ҳилол» боздошт гардиданд, ки аз хонаҳояшон бо баҳонаи имтиҳонсупорӣ ба мактаб рафта, аз беназоративу бемасъулиятии волидон ва муассисаҳои таълимӣ истифода намуда, вақти худро дар марказҳои компютерӣ ба корҳои беҳудаи зараровар мегузарониданд.

«Мавриди зикр аст, ки чораандешии мазкур, ки пеш аз ҳама, бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амалӣ карда мешавад, ҳолатҳои зиёди вайрон намудани талаботи ин қонун аз тарафи волидони ноболиғонро ошкор намуд. Тавре аз рафти баргузории ин гуна чорабиниҳои мақсадноки пешгирикунанда аён гардид, ноболиғони зиёд рӯзона беназорат дар кӯчаву хиёбонҳо гаштугузор намуда, аксаран ба корҳои зараровар, хусусан ба ҳар гуна бозиҳои компютерӣ, ки боиси ҷой гирифтани рафтору кирдорҳои бадахлоқона ба тафаккури насли наврас мегарданд, машғул мешаванд. Албатта, тавре маълум аст, дар бештари маврид маҳз беҳудагардиву дур аз назорати падару модар будани ноболиғон боиси ба ҳар гуна роҳҳои хато рафтани онҳо мегарданд.

Нисбат ба волидони он наврасону ҷавононе, ки зимни ин чорабиниҳои мақсадноки пешгирикунанда боздошту ба шуъбаи милитсия дастрас гардиданд, мувофиқи талаботи қонунгузорӣ чораҳои муассир андешида шуданд», — афзуд Абдулло Шоев.

Абдулло Шоев ҳамчунин таъкид намуд, ки  хусусун имрӯзҳо, ки наврасону ҷавонон дар таътили тобистона қарор доранд,  волидонро зарур аст, ки рафтору ҳаракати фарзандони худро таҳти назорати қатъӣ  қарор дода, нагузоранд, ки  вақти онҳо  беҳуда   сарф гашта, боиси ба  корҳои зараровар  даст задани онҳо гардад.

Аз падару модарон хоҳиш карда мешавад, ки   барои ҷалби фарзандонашон дар таътили тобистона  ба маҳфилҳои амалкунанда дар Марказҳои кӯдакону наврасон,  китобхониву китобхона ва дигар марказҳои фарҳангиву фароғатӣ мусоидат намуда, онҳоро беназорат нагузоранд.

Рухсораи НУР

Июль 7, 2017 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
ҚОНУНИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲРИРИ НАВ ҚАБУЛ ГАРДИД. Акнун тарбияи кӯдак аз ҷониби се ниҳоди иҷтимоӣ — оила, мактаб ва ҷомеа амалӣ мешавад
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти чунин унвон ҳафтаи худидоракунӣ гузаронида мешавад
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои самараноки «Пардохти ҳушманд» ҷаласаи корӣ баргузор шуд