Дар Тоҷикистон назорати бемории сил пурзӯр мегардад

Июль 28, 2017 11:01

ДУШАНБЕ, 28.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, менеҷерони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, роҳбарони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, табибони силшинос  аз ноҳияҳои водии Рашт ва минтақаи Кӯлоб ба вилояти Суғд сафар намуданд.

Тавре аз ба АМИТ «Ховар» аз Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим иттилоъ доданд, ҳадафи аслии сафар шиносоии гурўҳи корӣ бо фаъолияту таҷрибаҳои беҳтарин дар самти пешгирии бемории сил ва вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)мебошад.

Имрӯзҳо дар  вилояти Суғд барои пешгирии бемории сил ва ВНМО пайваста тадбирҳо андешида мешаванд ва яке аз фаъолияти назаррас дар ин хусус таъсиси кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ ба ҳисоб меравад.

«Аз соли 2015 дар ҳудуди вилояти Суғд 97 Кумитаи маҳаллии тандурустӣ ташкил гардида, 570 нафар намояндагони бахшҳои маориф, дин, занон, ҷавонон, ҷамоатҳо ва кормандони тиб  ба он аъзо мебошанд. Дар  соли 2016 танҳо бо ёрии аъзои кумитаҳои мазкур чанд  нафар мубталоёни бемории сил аз байни аҳолӣ дарёфт ва ба табобат фаро гирифта шуданд»,- иттилоъ доданд аз Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим.

 

Июль 28, 2017 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст