Фестивали «Қаратоғ-2017» мардумони Тоҷикистону Россияро ба ҳам овард
ДУШАНБЕ, 18.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Маросими пӯшидашавии Фестивали сурудҳои муаллифӣ «Қаратоғ-2017» имрӯз, 18 июл дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ доир гардид. Дар ин маросим санъаткорону эҷодкорони тоҷик ва рус баромад намуданд.
Маросими ифтитоҳи фестивали мазкур 15 июл дар дараи Қаратоғ доир гардид.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва намояндаи муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» Олим Солиев иброз намуданд, ки мусиқӣ-ин намуди санъатест, ки ҳамеша нафарони синну сол ва миллатҳои мухталифро ба ҳам муттаҳид месозад. Таронаҳое, ки дар ин Фестивал садо доданд, ба мардумони Тоҷикистон ва Россия наздик мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки баромадҳои ҳунармандони ҷавону устодони санъат аз ҷониби иштирокдорони Фестивал хуш пазируфта шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






