Филипп Де Леон: «Дар Тоҷикистон имкониятҳо барои рушди соҳибкорӣ хеле зиёданд ва соҳибкорони Амрико ва Тоҷикистон бояд аз ин имкониятҳо васеъ истифода намоянд»
ДУШАНБЕ, 14.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамшарикии байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои тиҷорату иқтисод аз масъалаҳои калидие буданд, ки зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Шӯрои соҳибкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Филипп Де Леон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Мулоқоте, ки имрӯз дар Қасри миллат баргузор шуд, аз ҷониби Филипп Де Леон дар назди хабарнигорон судманд ва самаранок арзёбӣ гардид.
«Мақсади Шӯрои соҳибкории ИМА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни соҳибкорони ду кишвар, боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳои тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва дарёфти шарикони нав, муҳокимаи масъалаҳои мавҷуда барои тақвияти соҳаҳои афзалиятнок мебошад»,-зикр кард Филипп Де Леон.
Ба андешаи Роҳбари Шӯрои соҳибкории ИМА ва ҶТ, имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳо барои рушди соҳибкорӣ хеле зиёданд ва изҳори боварӣ карда шуд, ки соҳибкорони ҳар ду кишвар аз ин имкониятҳо васеъ истифода хоҳанд кард.
Шӯро тибқи барнома дар ҳамкории зич бо Палатаи савдои Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 14 июл дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкоронро баргузор намуд, ки дар он идеяҳои ширкатҳои ташрифоварда ва маҳсулоту хизматгузории онҳо ҷиҳати муайян намудани имкониятҳои мутақобилан судманд муаррифӣ хоҳанд шуд.
Ҳайати тиҷоратии ИМА иборат аз намояндагони ширкатҳои машҳури USKGZBC ва USTJBC- AGCO, Baker&McKenzie, Coca-Cola ва General Electric, инчунин аъзои нави Шӯрои Амрико оид ба таҳсилоти байналмилалӣ мебошанд.








Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд






