ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар дастаи Бангладеш ғалаба ба даст оварда, дар гуруҳи «Е» ба ҷои аввал баромад!
ДУШАНБЕ, 22.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2018 дар гурӯҳи «Е» дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол бар дастаи ҷавонони Бангладеш бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Ин бозӣ дар шаҳри Хеврони Фаластин баргузор гардид.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, қисми аввали бозӣ бо ғалабаи дастаи мунтахаби ҷавонони Бангладеш бо ҳисоби 0:1 анҷом ёфт, вале футболбозони мо дар қисми дуюм бартарӣ нишон дода, ба дарвозаи ҳариф 3 гол заданд. Тубҳоро Амирҷон Сафаров, Нозим Бобоҷонов ва Зоир Ҷӯрабоев ба ҳадаф расониданд.
Ёдовар мешавем, ки 19 июл дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷемпионати Осиё-2018 дар гурӯҳи «Е» бозии аввалашро бо дастаи мунтахаби ҷавонони Фаластин бо ҳисоби мусовӣ 2:2 анҷом дода буд.
Ҳарифи навбатии дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон дастаи Урдун аст. Бозӣ фардо, 23 июл баргузор мешавад.
Дар бозии дигари даври дуюми гурӯҳи «Е» дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Фаластин бар дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Урдун бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад.
Акнун Тоҷикистон дар ҷадвали гурӯҳ бо 4 хол садрнишин аст. Фаластин ҳам, ки 4 хол дорад, дар ҷои дуюм, Урдун бо 3 хол дар мақоми сеюм мавқеъ доранд.








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






