Гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат бо раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Дарвоз шинос шуд

Июль 14, 2017 09:10

ДУШАНБЕ, 14.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурўҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Дарвоз бо раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд.

Ёдовар мешавем, ки 8-уми июли соли равон дар натиҷаи фаромадани ярч ва баланд шудани сатҳи оби дарёи Панҷ қитъаҳои алоҳидаи километрҳои  318 ва 348-уми роҳи мошингарди Душанабе- Кўлоб-Хоруғ-Кулма ва хонаҳои истиқоматии баъзе аз сокинони деҳаҳои Ширговад ва Хостави ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон хароб гардид.

Аз рўзҳои аввали сар задани офати табиӣ барои ҳарчи зудтар бартараф кардани оқибатҳои он ва муайян намудани хисорот бо супориши Президенти Ҷумҳурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор комиссияи салоҳиятдор таъсис ва ба зарардидагон кўмак расонида шуд.

Зимни шиносоӣ бо раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ иттилоъ доданд, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ дар деҳаҳои Ширговад ва Хостави ноҳияи Дарвоз 27 манзили истиқоматӣ зарар дидааст ва аз лаҳзаҳои рўх додани ин ҳодиса аҳолии зарардида ба ҷойҳои бехавф кўчонида шуда, бо хайма ва маводи ғизоӣ таъмин гардиданд.

Дарваз Таъкид гардид, ки бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳолии зарардида барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ замини наздиҳавлигӣ ҷудо ва масолеҳи сохтмонӣ низ дастрас карда мешавад.

Сокинони зарардида аз дастгириҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ карда, иброз доштанд, ки фароҳам овардани шароити зисти муваққатӣ, ҷудо кардани қитъаи замин, таъмин бо масолеҳи сохтмонӣ ва маводи ғизию дигар лавозимоти зарурии рўзгор онҳоро ба зиндагии оянда дилгарм намуд.

Қитъаҳои алоҳидаи километрҳои  318 ва 348-уми роҳи мошингарди Душанабе-Кўлоб-Хоруғ-Қулма, воқеъ дар ноҳияи Дарвоз, ки дар натиҷаи ин офати табиӣ хароб гардидааст, барои ҳарчи зудтар барқарор кардани он ба роҳбарияти Вазорати нақлиёт ва дигар сохторҳои  дахлдор супоришҳои мушаххас дода шуд.

Айни замон ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин масир тариқи ағбаи Хобуробот сурат  мегирад.

Ҳамчунин Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди Кўлоб-Қалъаи Хумб, қитъаи Шўрообод-Шоҳон шинос шуд.

Дар ин қитъаи роҳ, ки 40 километрро дар бар мегирад,  корҳои сохтмонӣ бо суръат идома доранд.

Тавре таъкид гардид, то имрўз дар ин масир корҳои асфалтпўшкунии қабати дуюм дар масофаи 15 кимлометр боқӣ мондааст ва ширкатҳои роҳсозӣ талош бар он доранд, ки дар муҳлати муайяншуда роҳро сохта, ба истифода диҳанд.

Аз роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ талаб карда шуд, ки корҳои боқимонда бо сифати баланд ба охир расонида шавад, зеро роҳи мазкур аҳамияти байналмилалӣ дошта,   садсолаҳо барои мардум хизмат хоҳад кард.

Насби аломатҳо ва бунёди деворҳои ҳимоявӣ низ дар роҳи мошингарди Кўлоб-Қалъаи Хумб, қитъаи Шўрообод-Шоҳон дар асоси лоиҳа идома дорад.

Июль 14, 2017 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад